“Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ”

Имрӯз, 12-уми августи соли равон дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе дар мавзуи “Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” семинар-машварати ҷумҳуриявӣ баргузор гашт, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода, роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоии Департаменти масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии СММ (UNDESA) Роберта Венн, сардорони бахшҳои ҳифзи иҷтимоии ВМКБ, як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва намояндагони сохторҳои марбутаи зертобеи вазорат иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҳабибулло Хайруллозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки рақамикунонии иқтисодиёт ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, чорабинии имрӯза бахшида ба “Солҳои рушди иқтисодӣ рақамӣ ва инноватсия” эълон гардидани солҳои 2025-2030, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2025, №АП-815 тасдиқ шудааст ва амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №460 “Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” доир гардида, ҳадафи он ин тақвият бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муайян намудани қадамҳои минбаъда дар самти самаранок амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузариш ба ҳукумати электронӣ, истифодаи мақсадноки технологияи рақамӣ ва расидан ба гардиши электронии ҳуҷҷатнигорӣ дар сохторҳои алоқаманд ва ташкилоту муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

Тавре ки маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави гузариш ба иқтисоди рақамӣ қарор дошта, тадбирҳои муассирро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт дар соҳаҳои гуногуни кишвар ба роҳ монда, солҳои охир ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст, ки рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоии давлатӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва соддагардонию шаффофияти фаъолияти сохторҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои олии рушди дарозмуддати Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва ҳамзамон ҳарчи зудтар ба сатҳи зиндагии кишварҳои дорои даромади миёна расонидани он чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар солҳои охир ташаккули низоми корбарии электронӣ ва таъсиси модулҳо ё системаҳои иттилоотии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маром роҳандозӣ гардида, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз аввалинҳо шуда, дар байни дигар вазорату идораҳои соҳаҳои марбут ба сиёсати иҷтимоии давлатӣ корҳои назаррасе ба анҷом расонидааст. Чунончи, аз соли 2011 инҷониб ҷиҳати таъсиси Феҳристи миллии электронии ҳифзи иҷтимоӣ системаи иттилоотии унвонии иҷтимоии Тоҷикистон (АСИСТ), аз соли 2019 модулии иттилоотии Махзани ягонаи маълумотҳо оид ба маъюбон ташкил карда шуда, айни замон дар марҳилаи навсозӣ қарор доранд.

Ғайр аз ин, дар Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ» раванди бақайдгирӣ ва таъминоти маъюбон бо маҳсулоти протезию ортопедӣ ва воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба таври электронӣ ба роҳ монда шуда, махзани соҳавии маълумоти дахлдор таҳия карда шуда, амал менамояд.

Айни замон дар доираи амалишавии лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» таҳияи Платформаи ягонаи рақамикунонии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ роҳандозӣ гардида, дар ин замина ташаккули 7 модули иттилоотӣ, аз қабили модулҳои электронии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, табобати санаторию курортӣ, махзани маълумот оид ба пиронсолон, Махзани иттлоотӣ оид ба кӯдакони осебпазир ва монанди инҳо тарҳрезӣ шуда истодаанд.

Чорабиниҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дар шароити рушди технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, пайдоиши мафҳумҳои наве чун «ҳукумати электронӣ» ва «иқтисоди рақамӣ» мо метавонем дар беҳбудбахшии тамоми самтҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз имкониятҳои чунин технологияҳои муосир васеъ истифода намоем.

Бо вуҷуди ин, бо дарназардошти вазъи имрӯзаи соҳа ва муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба технологияи рақамӣ, истифодабарии самараноки зеҳни сунъӣ ва мутобиқ намудани системаҳои иттилоотии мавҷуда ба талаботи замони муосир дар партави иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкории зич бо вазорату идораҳои марбута, хусусан Агентии инноватсия ва технологияи рақамӣ моро зарур аст, ки чораҳои дахлдорро барои се соли оянда дар самти гузариш ба ҳукумати электронӣ, рақамикунонии ҳамаи самтҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хусусан хизматрасонии иҷтимоӣ роҳандозӣ намоем. Хулоса, ҷoрӣ намудани технoлoгияҳoи муocири иттилooтӣ–кoммуникатcиoнӣ, татбиқи иқтиcoдиёти рақамӣ дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии соҳа, ки дар Стратегияи рушди низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 дарҷ гардидаанд, мусоидат намуда, заминаҳои воқеии амалишавии онро муҳайё месозанд.

Изҳори итминон карда шуд, ки чорабинии имрӯза барои ноил шудан ба низоми пурра ва комили рақамикунонии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ майдони муносиберо роҳандозӣ намуда, аз рӯйи натиҷаҳои он метавон “Харитаи роҳ” ё худ Нақшаи дахлдори чорабиниҳоро дар ин самт таҳия ва тасдиқ намуд.

Дар идомаи чорабинӣ дигар иштирокчиён низ доир ба раванди рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ баромад карданд.

Бояд гуфт, ки семинар-машварати ҷумҳуриявӣ то пагоҳ, 13 август ба кори худ идома хоҳад дод.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search