Имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурўҳи корӣ оид ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади огоҳӣ аз раванди сохтмони иншооти соҳаи маориф ва омодагии ин соҳа бо соли нави таҳсили 2025-2026 ва омодагиҳо ба давраи зимистонгузаронӣ аз ячанд адад муассисаҳои таълимии шаҳр боздид намуданд.

Нахуст аз ҷараёни сохтмони бинои иловагӣ дар гимназияи №4 ошноӣ пайдо карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои сохташавандаи муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна бо таҳхона ва 32 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 1400 нафар хонанда дар ду баст сохта ба истифода дода хоҳад шуд.
Сохтмони ин бинои иловагии таълимӣ аз ҷониби ширкати ватании “Тоҷ-сохтмон” амалӣ карда мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд таҷрибаи хуби хонасозиро дорад.
Корҳои сохтмонӣ асосан ба анҷом расида, корҳои пардозкунӣ оғоз гардидааст.
Алҳол дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд 3140 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Зимни шиносоӣ бо сохтмони бинои иловагӣ дар гимназияи №1 иттилоъ дода шуд, ки он низ бо саҳмгузории як қатор соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда истодааст. Бинои иловагӣ ин муассисаи таълимӣ аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо назардошти фарогирии 1400 нафар хонанда дар 2 баст то ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳад шуд.
Бояд қайд намуд, ки ин ҳама тадбир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, сол ба сол масъалаи мушкилоти норасоии ҷои нишаст дар макотиби шаҳри Хуҷанд аз байн бурда мешавад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурўҳи корӣ оид ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳамзамон аз омодагии муассисаҳои тахълимии №12 ва 28-и шаҳри Хуҷанд дар давраи тирамоҳу зимистони 2025-2026 аз наздик шинос шуданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо роҳбарони муассисаҳои таълимии номбурда доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, омодагӣ ба соли нави таҳсил, зимистонгузаронӣ, вазъи санитарию эпидемологӣ суҳбату машваратҳо намуд.