ИМА. Масъалаҳои коҳиш додани ранҷу азоб дар кӯдакони гирифтори саратон ва дигар бемориҳои ба ҳаёт таҳдидкунанда дар ҷаласаи сатҳи баланди СММ баррасӣ шуданд

Дар доираи иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) санаи 24-уми сентябри соли равон дар шаҳри Ню -Йорк вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар чорабинии махсус дар мавзӯи «Ҳаракати глобалии беҳтар намудани зиндамонӣ ва коҳиш додани ранҷу азоб дар кӯдакони гирифтори саратон ва дигар бемориҳои ба ҳаёт таҳдидкунанда» иштирок ва суханронӣ намуд.

Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур дар ҳошияи Чорумин ҷаласаи сатҳи баланд оид ба пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Беморхонаи тадқиқотии кӯдаконаи Сент-Юде ва Фонди байналмилалии ҷамъиятии «Замин» баргузор гардид, ки дар он директори генералии ТУТ Тедрос Адханом Гебрейесус иштирок кард.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби як қатор вазирони тандурустии кишварҳои аъзои СММ ва коршиносони байналмилалӣ доир ба самтҳои гуногуни мавзуи ҷаласа маърӯзаҳо пешниҳод гардид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Диққат, эълон!

“Ҳафтаи аврупоии пешгирии саратони гарданаи бачадон”

Данғара. Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гашт

Поиск