Ҷамолиддин Абдуллозода бо Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) оид ба давлатҳои Аврупо мулоқот кард

Имрӯз 02-юми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) оид ба давлатҳои Аврупо, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҳанс Клюгеро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам намуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии кишвар ба роҳбарияти ТУТ изҳори миннатдорӣ баён дошт.

Қайд гардид, ки ҳамкориҳои судманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ин ташкилоти бонуфӯз дар як қатор самтҳои муҳими соҳаи тандурустӣ имрӯзҳо хуб ба роҳ монда шудаанд ва ТУТ яке аз шарикони боэътимоди вазорат ба шумор меравад.

Дар навбати худ Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо низ аз ҳамкориҳои ин созмони бонуфӯзи байналмилалӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноматмандӣ карда, хоҳони боз ҳам густариши ҳамкориҳои ҳар ду ҷониб дар бахшҳои муҳими соҳаи тандурустӣ шуд.

Ҳамзамон, Ҳанс Клюге ба Ҷамолиддин Абдуллозода барои иштироки фаъолона дар муҳокимаи сатҳи баланд оид ба бемориҳои ғайрисироятӣ ва солимии равонӣ дар Ассамблеяи Генералии СММ, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ню-Йорк сурат гирифт, изҳори миннатдорӣ баён карда, иброз дошт, ки дастгирӣ аз ташаббусҳои ТУТ, бахусус дар самти барҳам додани бемории сил ва мубориза бо зӯроварӣ нисбати занону духтарон аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили таҳсин аст.

Инчунин, номбурда Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои аввалин кишваре, ки дар минтақа таҳлили ҳамаҷонибаи бозори меҳнати тандурустиро анҷом додааст, табрик намуд.

Директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо Ҳанс Клюге аз ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ворид намудани ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба Тақвими миллии иммунизатсия низ истиқбол намуда, онро дастоварди назаррас арзёбӣ кард ва гуфт, ТУТ аз ин иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон ифтихор мекунад.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯи созанда анҷом дода, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо иброз доштанд.

Баъдан, директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо аз маҷлисгоҳҳои ошёнаи 13-уми бинои вазорат дидан намуд. Дар ин ҷо Ҳанс Клюге зебогӣ ва шукуҳу шаҳомати пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбеи ҳамешабаҳорро тамошо кард.

Ёдовар мешавем, ки пагоҳ, 03-юми октябри соли равон Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ бо иштироки вазирони тандурустии кишварҳои аъзо, директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо Ҳанс Клюге ва инчунин аъзоёни Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ баргузор мегардад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search