Хуҷанд. Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои нави тандурустӣ

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд шаби 11-уми октябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти корҳои сохтмонии як қатор иншоотҳои нави тандурустӣ шинос гашт.

Зимни боздид вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки номбурда дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои сохтмонии Беморхонаи клиникии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд, Маркази вилоятии эндокринология, Маркази вилоятии саратоншиносӣ шинос гашт.

Аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъалаҳои бо сатҳу сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии иншоотҳои нави тандурустӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд.

Дар ин замина, ба масъулин ҷиҳати босифат ва дар муҳлати муайянгашта ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои навбунёд аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазъи саломатии пиронсолони шаҳри Душанбе шинос гашт

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар мизи мудаввар баргузор гардид

Ҷаласаи машваратӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонун “Дар баори таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта”

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

18 август-Рӯзи Абуалӣ ибни Сино ва табибони Тоҷикистон

Дар Филармонияи давлатӣ бахшида ба Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона доир гашт

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器