15-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муколамаи сиёсӣ оид ба пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ бо ёрии системаҳои озуқаворӣ ва тадбирҳои байнисоҳавӣ ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, шарикон оид ба рушд, коршиносони соҳа ва намояндагони як қатор вазорату идораҳо ва кумитаҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои тадбирҳои сиёсати сатҳи аҳолӣ , аз ҷумла кам кардани истеъмоли намак , аз байн бурдани трансчарбу, андозбандии нушокиҳои ширин ва маҳдудияти маркетинги ғизоҳои носолим ба кӯдакон дар баробари ташаббусҳои мактабӣ, машқҳои ҷисмонӣ ва муоширати стратегӣ мавриди барраси қарор гирифтанд.
Гуфта шуд, ки бемориҳои ғайрисироятӣ сабаби асосии марг ва маъюбӣ дар саросари минтақаи Аврупоии ТУТ буда, мушкилотии ҷиддии саломатии аҳолӣ мебошанд. Бемориҳои мазкур аз чаҳор омили тағйирёбандаи хатари рафторӣ : истеъмоли тамоку, камҳаракатӣ, ғизои носолим ва истеъмоли зараровари машрубот бармеоянд.
Мақсади баргузории муколамаи мазкур дар асоси далелҳои асоснокшуда, тавассути тағйир додани низоми ғизо ва пешгирии дигар бемориҳои сироятӣ, пурзур намудани чорабиниҳо ва ҳамоҳангсозӣ барои беҳтар намудани саломатии аҳолӣ ва ғизои солим мебошад.
Дар интиҳои ҷаласа масъалаҳои ҳалталаб мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокчиён фикру андеша ва пешниҳодҳои худро барои пешрафти кор иброз намуданд.