Фаъолияти соҳаи тандурустии вилояти Хатлон баррасӣ гашт

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбастии соҳаи тандурустии вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2025 баргузор шуд, ки дар кори он Ҳабибулло Хайруллозода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоят иштирок намуданд.

Дар ҷаласа Иброҳим Мусозода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон вобаста ба фаъолияти сохторҳои соҳаи тандурустии вилоят дар давраи ҳисоботӣ баромад намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар 9 моҳи соли 2025 23 адад иншоотҳои соҳаи тандурустӣ дар вилоят сохта ба истифода дода шуданд.

Инчунин, дар соли ҷорӣ Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик баъди азнавсозӣ бо тамоми таҷҳизоти тиббии замонавӣ ҷиҳозонида шуда, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Хатлон мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, шуъбаи сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон низ бо мабалғгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир ва бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ таъмин гашта, мавриди истифода дода шуд.

Дар соли равон дар соҳаи тандурустии вилоят низ як қатор навгониҳо ба миён омаданд. Аз ҷумла дар Маркази вилоятии ҷарроҳӣ бори аввал ҷарроҳиҳои ба тариқи микроҷарроҳӣ васеъкунии қисми оқибии канали ҳароммағз ба 5 бемор, омоси сар ба 3 бемор, ташхиси омосии кистозиву солидии гемисфераи мағзча аз тарафи чап низ ба беморон гузаронида шуд.

Ҳамзамон, дар ин давра дар Маркази вилоятии саратоншиносӣ бори аввал ҷарроҳии эзофагэктомияи трансдиофрагмалӣ (эзофагэктомия бидуни торокотомия) ва ҷарроҳӣ (ПДР) гузаронида шуда, беморон дар ҳолати хуб ба хона ҷавоб дода шуданд. Ғайр аз ин, панкреатодуоденэктомияи радикалӣ бо усули уиппл ҳангоми саратони пистонаки фатер ба анҷом расонида шуд. Бояд гуфт, ки гузаронидани ҷарроҳии мазкур дар сатҳи вилоят якумин маротиба ба шумор меравад.

Дар идомаи баромади хеш Иброҳим Мусозода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон доир ба самтҳои дигари фаъолияти раёсат, дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои фаъолияти он маълумот дод.

Пас аз баромади номбурда фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода ва муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуда, баҳри ҳаллу фасли саривақтии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search