Суғд. Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти Беморхонаи клиникавии вилоятӣ ба номи Сангин Қутфиддинов

Бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан аз рафти фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи Сангин Қутфиддинов дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос шуд.

Аснои шиносоӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аз ҳолати муассисаи номбурда, ҷараёни фаъолияти он, назорати беморон, вазъи санитарию эпидемиологӣ, таъминот бо доруворӣ ва ҳолати таҷҳизотҳои тиббӣ дидан кард.

Ҳамзамон, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни боздиди хеш аз муассисаи мазкур бо наздикони як қатор беморон низ суҳбат намуда, аз онҳо доир ба хизматрасонии тиббӣ пурсон шуд.

Зимни суҳбат бо наздикони беморон қайд гардид, ки таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат мақоми махсус дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Ҳамин тавр, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва бо ин роҳ боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search