Барои ҳамшираҳои тибби оилавӣ оид ба роҳбарӣ ва идоракунии тандурустӣ даври омӯзишӣ доир гашт

Бо мақсади омода намудани омӯзгорони сатҳи миллӣ дар асоси дархост ва дар амал татбиқ намудани «Харитаи роҳ»-и Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Миёна ва таҳия намудани барномаи таълимии 2-моҳа барои ҳамшираҳои тибби оилавӣ оид ба роҳбарӣ ва идоракунии тандурустӣ, имрӯз, 27-уми октябри соли равон, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ» ва ҳамшираҳои калони муассисаҳои давлатии марказҳои саломатии шаҳри Душанбе даври омӯзишӣ оғоз гашт.

Дар оғози даври омӯзишӣ роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Ашуриён, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ» Зуҳро Абдураҳмонзода ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи даври омӯзишӣ аз ҷониби масъулин доир ба ҳадаф ва мақсади даври омӯзишӣ андешаронӣ сурат гирифта, дар ин замина қайд карда шуд, ки саҳми ҳамшираҳои тибби оилавӣ дар таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ назаррас мебошад.

Ёдовар мешавем, ки даври омӯзишии мазкур то 31-уми октябри соли равон идома ёфта, дар доираи он аз ҷониби мутахассисони соҳа ба иштирокчиён маърӯзаҳо пешниҳод карда хоҳад шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ёвон: ба истифода додани Маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Норин

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Чорабинии иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ

Эълони ҷойи кори холӣ дар филиали ширкати “Нормека Интернешнл АС” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器