Вобаста ба гузаронидани таҳлили миёнамуҳлати амалишавии лоиҳаи Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” вохурӣ доир шуд

Санаи 12-уми ноябри соли 2025 дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии роҳбарияти Агентии мазкур бо гурӯҳи кории Бонки ҷаҳонӣ, ки бо ташрифоти хизматӣ ба Тоҷикистон омадааст, баргузор гардид.

Дар вохурӣ, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, менеҷери лоиҳаи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878) Ҷамшед Каримов иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки мақсади ташрифоти гурӯҳи кории Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон-ин гузаронидани таҳлили миёнамуҳлати раванди амалишавии лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” мебошад.

Дар идомаи вохурӣ аз ҷониби директори Агенти давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода доир ба ҷараёни амалишавии қисматҳои дахлдори лоиҳаи мазкур, хусусан оид ба пешравӣ ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №488 “Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ахборот дода шуд.

Зимнан, байни иштирокчиёни вохурӣ саволу ҷавобҳо ва табодули пешниҳодҳо оид ба фаъолияти минбаъда дар соли 2026 сурат гирифт.

Сипас, дар маҷлисгоҳи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаррифии натиҷаҳои тадқиқот оид ба баҳодиҳии сифатии барномаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, ки аз ҷониби ташкилоти “Гендер ва тараққиёт” анҷом дода шудааст, пешниҳод гардид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Баррасии масъалаҳои пешгирӣ, дарёфти саривақтӣ ва назорати диабети қанд ва фишорбаландии шараёнӣ тавассути тавонбахшии системаи КАТС

Саломуддин Юсуфӣ бо раванди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва корҳои таъмирии Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Воҳидов Бурӣ шинос гашт

Ифтитоҳи Беморхонаи клиникии рақами 1 дар шаҳри Хуҷанд ва ба таври фосилавӣ ба истифода додани ду маркази саломатӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

“Расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: натиҷаҳои асосии татқиқоти нишондиҳандаҳои хизматрасонии тандурустӣ барои солҳои 2024-2025”

Ба роҳ мондани табодули таҷриба бо мутахассисони хориҷӣ дар самти бартарафсозии нуқсонҳои кори номураттаби дил

Search