Имрӯз, 14-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ-роҳбари миссия ва лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” аз ҷониби бонки мазкур Такаҳиро Ҳасуми, роҳбари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷкистон Раҳимҷон Асангазиев вохурӣ анҷом дод.
Дар вохурии мазкур муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ, муовини вазир Абдухолиқ Амирзода, сардорони як қатор раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва масъулини лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, ба роҳбарияти Бонки Ҷаҳонӣ барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар изҳори миннатдорӣ баён кард.
Дар ин замина, амалишавии лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” нишонаи ҳамкории муштарак ва судманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо бонки мазкур дар самти таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ ва боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба сокинони мамлакат арзёбӣ гашт.

Зимни вохурӣ ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки дар ҳоли ҳозир лоиҳа аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳои муҳимтарини фосилавӣ, ки барои охири соли 2025 ба нақша гирифта шуда буданд, пеш аз муҳлат ба ҳадаф расид.
Махсусан, дар қисми омӯзиши кадрҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи омӯзиши тибби оилавӣ нишондод ба маротиб зиёдтар иҷро карда шуд.
Дар қисми тандурустии ҷамъиятӣ низ гуфта шуд, лоиҳа нишондиҳандаи нақшавиро барзиёд иҷро карда, 554 мутахассисони соҳаи тандурустӣ оид ба назорати эпидемиологиро (ҳадаф 500) омӯзонид.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар рафти вохурӣ доир ба қисматҳои дигари лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” низ ба меҳмонон иттилои муфассал пешниҳод кард.

Дар идома ҷонибҳо доир ба самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, нақшаи ҳамкориҳои оянда ва дигар бахшҳои муҳими лоиҳаи мазкур гуфтугӯи судманд анҷом дода, баҳри тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда ҳавасмандии хешро изҳор доштанд.


