Парчами давлатӣ-рамзи ваҳдат, ифтихор ва суботи миллӣ

Дар ин лаҳзаҳои идона кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва тамоми мардуми сарбаланди кишварро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик ва муборакбод намуда, баҳратон пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, хушбахтиву саодати бардавоми рӯзгор ва дар кору фаъолиятатон муваффақияту бурдбориҳои беназирро таманно дорам.

Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдории тоҷикон на танҳо нишонаи ҳувияти миллӣ, балки омили ҳамбастагии тамоми сокинони кишвар мебошад. Он таҷассумгари таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ ва орзуву омоли созандаи миллати тоҷик аст. Барои миллати тоҷик, ки аз қадимтарин халқҳои соҳибфарҳанги Осиёи Марказӣ аст, парчам ҳамеша нишонаи қудрат, шуҷоат ва тамаддуни миллӣ будааст.

Парчами давлатӣ – ин рамзи ҳастии миллат, ваҳдати наслҳо ва пояндагии Тоҷикистон аст.

Парчам танҳо матои рангоранг набуда, он кулли маънои ҳастии миллат, таърихи давлатдорӣ ва ормони ояндасозии миллатро дар худ таҷассум намудааст.

Ҳар се ранги парчам – сурх, сафед ва сабз – бо худ паёми бузург доранд, ба мисли сурх рамзи шуҷоату қаҳрамонӣ, сафед рамзи покию адолат ва сабз рамзи ҳаёт, зироат ва ояндаи босаодат аст. Ҳалқаи тоҷ ва ҳафт ситора бошад, рамзи давлатдорӣ, фарҳанг ва хиради миллӣ мебошад.

Дар тӯли таърихи тӯлонӣ миллати тоҷик парчамҳои зиёде, ба мисли нишонаҳои қудрат, дониш ва фарҳангро доштааст. Аммо маҳз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 24 ноябри соли 1992 қабул гардид, ба рамзи устувории давлати соҳибистиқлол, рушду пешрафт ва саодати мардум табдил ёфтааст.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилу зеҳни ҳар шаҳрванди кишвар ҷой дорад. Он на танҳо рамзи давлат, балки нишонаи ватандӯстӣ, масъулият, меҳнатдӯстӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Бунёди баландтарин сутуни Парчами давлатӣ дар ҷаҳон (165 метр) дар шаҳри Душанбе соли 2011 далели равшани эҳтироми давлат ва мардуми тоҷик ба ин рамзи муқаддас аст.

Парчами миллӣ барои тоҷикон рамзи ифтихор аз гузашта, эътимод ба имрӯз ва умед ба ояндаи дурахшон мебошад.

Таърихи парчамдории миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад, ки ин миллат ҳамеша соҳиби давлатдорӣ, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ будааст. Парчами имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ рӯҳи бостон, ҳикмати ниёгон ва ормони наслҳои ояндаро таҷассум мебахшад.

Парчами давлатӣ – ифтихори ҳар як тоҷик ва кафолати пояндагии давлатдории миллӣ аст! Дар фаъолияти ҳар як соҳаи ҷомеа, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ, парчам рамзи масъулият ва садоқат аст. Зери ин парчами муқаддас тамоми кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқат ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморонро нишон додаанд.

Табиб ба бемор ёрӣ мерасонад, ҳамшира, момодоя ба модару кӯдак ғамхорӣ мекунад, корманди иҷтимоӣ бошад барои эҳтиёҷмандон кӯмак мерасонад, ки онҳо ҳама дар зери сояи ин парчам амал мекунанд. Ин парчам онҳоро ба шафқат, адолат ва хизмат ба инсон даъват менамояд.

Боиси ифтихору қаноатмандист, ки имрӯз кормандони соҳаи тандурустӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ зери ин парчами муқаддас барои ҳифзи саломатии ҷомеа, боло бурдани сифати хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити арзанда барои ҳар як шаҳрванди кишвар саъю талош менамоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки бо шарофати сиёсати оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, солҳои охир соҳаи тандурустӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, сохтмони муассисаҳои нави тиббӣ дар марказ ва манотиқи дурдаст ба истифода дода шуда истодаанд, барномаҳои миллӣ оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак бомаром татбиқ гардида, дар бахши пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ва густариши низоми рақамисозии хизматрасонии тиббӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем.

Ин ҳама иқдомҳо зери парчами миллӣ ва бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат амалӣ мегарданд, ки ҳадафи ниҳоии онҳо – ҷомеаи солим ва миллати тавонои тоҷик мебошад.

Дар ин рӯзи пуршараф ҳамаи ҳамкасбонро даъват менамоям, ки бо азму иродаи қавӣ, рӯҳияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ зери парчами пуршарафи Тоҷикистон хидмати содиқонаи хешро ба мардум идома диҳанд.

Бовар дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ва бо заҳмати содиқонаи ҳар як фарди кишвар, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бо ифтихор дар фазои осоишта ва ваҳдати миллӣ парафшон хоҳад буд.

Имрӯз, вақте ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама манотиқи кишвар ва берун аз он парафшон аст, мо ба хубӣ дарк мекунем, ки ин рамз нишонаи истиқлол, сулҳ, ваҳдат ва саодати миллат мебошад.

Мо, хизматчиёни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зери ин парчами муқаддас вазифадорем, ки бо эҳсоси ифтихор ва муҳаббат ба Ватан, барои саломатии ҷомеа ва наслҳои оянда содиқона хизмат намоем.

Дар фарҷом ба тамоми мардуми тоҷик саодатмандӣ, сарбаландӣ, саломатӣ ва дар корҳояшон барору комёбӣ таманно менамоем, бигзор Парчами мо ҳамеша рамзи иттиҳоду тавоноии халқамон бошад.

Бигузор зери ин рамзи муқаддас саломатии миллат, оромии ҷомеа ва ваҳдати тоҷикон пойдор монад.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!

Бо эҳтиром,

вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search