Имрӯз, 02-юми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода, роҳбарони агентӣ ва хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур се масъала- “Таҳлили иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №49 “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Саривақт омода намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026” ва “Натиҷаи таҳлили фаъолияти муассисаҳои тибби хусусӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар масъалаи “Таҳлили иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №49 “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” Аслиддин Раҷабзода маълумот дод.

Тавре зикр гардид, бо мақсади ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳои ба миён гузошташуда оид ба паст кардани сатҳи беморшавӣ ва фавт аз бемории сил ва шаклҳои устувори сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини дастрасии ҳамагон ба хизматрасониҳои босифат оид ба пешгирӣ, табобат ва нигоҳубин дар самти ҳимоя аз бемории сил барои ҳар як шахс ва беҳтар намудани сифати саломатии тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, № 49 тасдиқ шудааст.
Барнома аз 5 самти афзалиятнок иборат мебошад: таъмин намудани дастрасии омма ба ташхиси саривақтӣ ва босифати ҳамаи намудҳои бемории сил бо аҳамияти махсус ба санҷиши тамосҳо ва аҳолии хатари баланди осебпазиридошта, таъмин намудани дастрасии умум ба табобати босифат ва муосири ҳамаи намудҳои бемории сил бо дастгирии мувофиқи беморон ба воситаи усулҳои ба бемор нигаронидашуда, роҳандозии чораҳои муътамаъ (эътимоднок) ва самараноки пешгирии бемории сил байни мубталоёни бемории сил ва тамоми аҳолӣ, инчунин таъсиррасонӣ ба кам шудани сироятёбӣ аз бемории сил дар кишвар, ташкили низом ва фароҳам овардани шароити мусоид барои амалигардонии барномаи самараноки мубориза бо бемории сил ва мунтазам баҳодиҳии амалинамоии “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2021-2025”.

Гуфта шуд, ки Нақшаи амалинамоии барномаи мазкур аз 18 банд ва 105 зербанд иборат аст. Иҷрои тадбирҳо ва ба даст овардани нишондиҳандаҳо ба таври доимӣ таҳлил гардида, дар чорабиниҳои сатҳҳои гуногун, аз ҷумла дар ҷаласаҳои Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, мушовараҳои солонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он, аз ҷумла Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳо, ташкилотҳои ҷаъмиятӣ ва байналмилалӣ 97 зербанд амалӣ карда мешавад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар вазорату кумитаҳо, аз ҷумла вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, нақлиёт, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, телевизион ва радио, дин ва Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ 8 зербандро амалӣ менамоянд.
Номбурда доир ба самтҳои дигари татбиқи барнома низ маълумот дод.
Дар мавзуи сеюми ҷаласа-“Саривақт омода намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026” сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Зайнулло Шарифзода баромад намуд.

Номбурда аз ҷумла иброз дошт, ки муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №218 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026», фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2025, №260 «Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026»-ро сармашқи кори худ қарор дода, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.
Тибқи маълумотномаҳои пешниҳодгардида аз тарафи роҳбарони муассисаҳои соҳаи танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати тайёрии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳо амалӣ шудаанд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои дахлдори муассисаҳои соҳа ба имзо расида, ситодҳо ташкил карда шуда, корҳо мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки аз тарафи роҳбарияти вазорат ба тамоми роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супоришҳои мушаххас дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии такрорёбии камбудиҳои дар давраи солҳои сипаришуда тадбирҳои муассиру саривақтӣ андешида, вобаста ба иҷроиши бандҳои дахлдори нақша-чорабиниҳо ҷиҳати истифодаи самараноки маблағҳои ба ин мақсад ҷудошуда, таъмини гармӣ, қувваи барқ, об, ангишт, ҳезум, маводҳои сӯзишворӣ, хурока, хизмати алоқа, интиқоли партовҳо, пардохти қарзи коммуналӣ ва пешгирии ҳолатҳои бехатарӣ аз сухтор чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Дар доираи маблағҳои ҷудогардидаи соли ҷорӣ барои нигоҳдорӣ ва таъмир корҳои шишабандӣ, таъмири асосӣ ва ҷузъии бинову иншоотҳо ва қубурҳои обгузари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ гузаронида шудааст.
Вазъ нисбати солҳои қаблӣ муътадил гардида, ба санаи 10 ноябри соли ҷорӣ барои таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, аз ҷумла ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ захира карда шудааст.
Муассисаҳои соҳа дорои 912 адад генераторҳои барқӣ буда, барои онҳо 83325 литр сӯзишворӣ захира гардидааст, ки он 106,6%-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад ва дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Вобаста ба масъалаи сеюми ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат-“Натиҷаи таҳлили фаъолияти муассисаҳои тибби хусусӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Олимзода Давлатмурод ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.

Зикр гардид, ки рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Маҳз дар даврони истиқлолият ислоҳоти куллии қонунгузорӣ дар бахшҳои сармоягузориву соҳибкорӣ гузаронида шуд.
Аз ҷумла, соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, муколамаи давлат бо бахши хусусӣ, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ташаккули низоми андозбандӣ ва соддагардонии савдои беруна ислоҳоти манфиатноке мебошанд, ки ба рушди бахши хусусӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10.01.2025, №915 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 01.01.2027 мараторий эълон карда шуд. Ҷиҳати иҷрои фармони мазкур аз 11.02.2025, №2142 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мараторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» қабул ва мавриди амал қарор дода шуд. Бояд зикр намуд, ки маротибаи сеюм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иқдом амалӣ карда мешавад.
Имрӯз муассисаҳои хусусии тиббӣ дар таъмини дастрасии мардум ба хизматрасониҳои баландсифати тиббӣ, татбиқи сиёсат ва стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти боз ҳам баланд бардоштани сатҳ ва сифати саломатии аҳолӣ саҳм гузошта истодаанд.
Маҳз интихоби дурусти сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ имконият дод, ки бахши хусусии тиббӣ дар кутоҳтарин муҳлат ба яке аз шохаҳои устувор ва рақобатпазири соҳаи тандурустӣ табдил ёбад.
Дар айни замон бо мақсади мусоидат идора намудан ва рушди муассисаҳои хусусии тиббӣ тамоми санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ карда шудаанд, ба монанди Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” аз 22.06.2023, №1968, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 аз 09.09.2014 “Дар бораи Тартиби аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
Қонуни нав дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ бо мақсади соддагардонии расмиёти иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, мувофиқасозӣ, ва гирифтани хулоса аз мақоми ваколатдори давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани монеагиҳо ба тавсиб расида, тибқи он муҳлати ҳуҷҷатҳои номбаруда бемуҳлат муқаррар гардидааст, ки ин боиси сарфа намудани вақт аз ҷониби соҳибкорон ҷиҳати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ мегардад. Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ тасдиқ гардид, ки аз моҳи январи соли 2026 пай дар пай ин ҳуҷҷатҳо бо таври рақамӣ тибқи талабот қабул ва бе ҳузури соҳибкор баррасӣ мегарданд.
Бо ташаббус ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли 2021 Ташкилоти ҷамъиятии «Бунёди рушди тибби хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон» созмон дода шуд. Айни замон ташкилот ба таври расмӣ аз қайди давлатӣ гузашта, ҳамасола аз рӯи нақша вохурӣ ва чорабиниҳои худро дар шаҳру ноҳияҳо бо намояндагони муассисаҳои хусусии тиббӣ анҷом медиҳад.
Пас аз шунидани маърӯзаҳо пеш аз ҳама ба мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи масъалаҳои баррасишуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Дар фарҷоми ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи зимистонгузаронӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, риояи қатъии қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон ва баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.


