Имрӯз, 03-юми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон чорабинии идона доир гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Ҳабибулло Хайруллозода, роҳбарону масъулини муассисаҳои соҳавӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикон оид ба рушд ширкат варзиданд.

Қабл аз оғози чорабинии расмӣ дар саҳни бинои вазорат намоиши дастовардҳои ин қишри ҷомеа доир гашт, ки роҳбарияти вазорат аз он дидан кард.
Зимни оғози чорабинии идона вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба ин қишри ҷомеа ёдовар шуд.

Зикр гашт, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии кишвар сиёсати давлат ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯ ва беҳдошти зиндагии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла шахсони дорои маъюбият равона гардида, афзоиши рузафзунро касб кардааст.
Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар кишвар дар робита бо ин масъала тадбирҳои зиёд амалӣ гардида, Рӯзҳои миллию байналмилалии маъбон бошукӯҳ таҷлил карда мешаванд. Барои шахсони дорои маъюбияти кишвар муайян намудани як рӯзи махсус ва тавассути ин бештар равона намудани таваҷҷӯҳ ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, бо баргузории чорабиниҳои гуногун аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки ба имзо расонидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фикри таъмини ҳуқуқу кафолатҳои пешбинишуда барои чунин шахсон буда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми чораҳоро нисбати беҳдошти зиндагии шахсони дорои маъюбият ва дастгирии ташкилотҳои ҷамъияти онҳо андешида, амалӣ менамояд.
Бо мақсади татбиқи муқаррароти Конвенсияи мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №116 “Дар бораи Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон” қабул гардида, зимни он аз ҷониби вазорат дар ҳаморӣ бо Иттиҳодияҳои миллии маъюбон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ тадбирҳои зиёде амалӣ гардида истодаанд.
Бояд гуфт, ки Рӯзи байналмилалии маъюбон дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон таҷлил мегардад. Ҳамасола ҷомеаи ҷаҳонӣ 10-уми декабрро ҳамчун «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ҷашн мегиранд ва ин сана ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар вобастааст. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳид 10-уми декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса қабул гардида, дар шароити имрӯза барои башарият ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар хусусияти эъломиявӣ дошта, дар тамоми ҷаҳон аз ҷониби кулли одамон, ҳамчун санади тақдирсозу муътабар қабул гардидааст ва 72 сол мешавад, ки мавриди амал қарор дораду ба халқи ҷаҳон асосҳои адолати ҳуқуқиро пешбинӣ менамояд. Дар мазмуну муҳтавои ин санади байналмилалӣ саҳми сазовори гузаштагони барӯманди халқи тоҷик низ арзиши гаронмоя дорад. Ҳанӯз соли 539 -и пеш аз мелод Куруши Кабир дар эъломияи худ, ки нахустин эъломия дар ҷаҳон эътироф гардидааст, дар бораи ҳуқуқ ба ҳаёти арзанда, озодӣ ва баробарии одамон, аз байн бурдани ғуломӣ ҳамчун таҳқир ба шаъну эътибори инсонӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳуқуқи инсон таъкид карда буд, ки ҳамчун арзишҳои бунёдӣ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дарҷ гардидаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо такя ва бо мақсади идома бахшидан ба сандҳои ҳуқуқии аҷдодӣ Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон доштааст. Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъмини волоияти қонунро таъкид намуда, риояи онро аз ҳар шаҳрванди кишвар талаб менамоянд.
Таъкид гашт, ки шахсони дорои маъюбият узви комилҳуқуқи ҷомеаи демократии Тоҷикистони азиз маҳсуб ёфта, дар пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Теъдоди умумии онҳо 170508 нафар буда, аз ин 34943 нафар кӯдакон мебошанд ва аз ҳиссаи умумии аҳолӣ 1,6% -ро ташкил медиҳанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки шахсони дорои маъюбият ба ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар фаро гирифта шудаанд. Дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” шахсони дорои маъюбият ба таҳсилоти томактабӣ, мактабӣ, миёна ва олии касбӣ фаро гирифта шуда, аз пардохтҳои коммуналӣ ба ҳадди 50 фоиз озод буда, ҳуқуқи ба таври ройгон гирифтани воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва роҳхатҳои санаторию курортиро ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои сохтори вазорат доранд. Ҳамчунин, давлат барои маъюбони бартарафкунандагони садами Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ва маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо дар баробари истироҳати ройгон дар санаторияҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, чиптаи ройгони ҳавоӣ ва роҳи оҳанро барои табобат рафтан ба давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ пешбинӣ намудааст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 110 нафар шахсони дорои маъюбият аз ин имтиёз истифода бурдаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъалаи нигоҳубин ва пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ ба категорияҳои гуногуни ниёзманд, аз ҷумла маъюбон аҳамияти ҷиддӣ дода, мунтазам тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
Дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар маҷмӯъ 29 942 нафар ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ фаро гирифтаанд, ки 8573 нафарашон кӯдакони имконияташон маҳдуд мебошанд.
Ҳамасола аз ҷониби Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе ба шахсони дорои маъюбият ва кӯдакони имконияташон маҳдуди эҳтиёҷманд хизматрасониҳои протезию ортопедӣ расонида шуда, воситаҳои техникии тавонбахшӣ дастрас карда мешаванд.
Зикр гашт, ки нақши иттиҳодияҳои миллии маъюбон, ношунавоён, нобиноён ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати иҷтимоии кишвар низ назаррас буда, ҳамкории вазорат бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун татбиқкунандаи сиёсати иҷтимоии давлат дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша омодаи ҳамкориҳои судманд бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба манфиати аҳолӣ, махсусан гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар доираи ин ҷашн 50 нафар шахсони имконияташон маҳдуд бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, ба он ҳамзамон аробачаҳои маъюбӣ низ тақдим карда шуд.

Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта ва шахсони имконияташон маҳдуд анҷомбахши чорабинии идона буд.



