Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар ба беморе, ки пайванди ҷигар гузаронидааст, эмболизатсияи шараёни испурч бо муваффақият анҷом дода шуд.
Ҷарроҳи эндоваскулярии маркази мазкур Ҷамшед Раҳмонов, ки якҷо бо ҳамкорони хеш амали мазкурро анҷом додааст, мегуяд, баъди анҷом додани ин амал хунгардиши шараёни ҷигари бемор беҳтар карда шуд.
Ба иттилои Ҷамшед Раҳмонов, дар бемор, ки сокини 50-солаи шаҳри Душанбе мебошад, пас аз 20 рӯзи амалиёти пайванди ҷигар ҳангоми муоинаи назоратӣ дар бемор хунгардиши шараёни ҷигар паст мушоҳида шуда, бемор ба маркази номбурда муроҷиат намуд.
Ба гуфтаи номбурда, чунин ҳолат ба бемор пас аз пайванди ҷигар дар соҳаи тибби кишвар бори нахуст ба амал омадааст ва то кунун табобати ингуна ҳолати беморӣ таҷриба ҳам карда нашуда буд.
Бо фароҳам овардани шароиту имконияти мусоид дар маркази мазкур, аз ҷумла бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ва донишу таҷрибаи андухтаи мутахассисони ватанӣ дар кишварҳои гуногуни олам имконият даст дод, ки чунин ҳолати бемор саривақт бартараф гардида, вазъи саломатии он муътадил нигоҳ дошта шавад.
Ҳамин тавр, татқиқоти дастгоҳи муосири ангиография нишон дод, ки бемор дорои синдром, яъне ҳолате, ки дар он шараёни испурчи калоншуда қисми зиёди хунро ба худ ҷалб мекунад ва ба таъминоти муътадили хун ба ҷигар халал мерасонад, мебошад.
Пас аз баррасии машварат мутахассисони ин марказ ба қарор омаданд, ки ба бемор эмболизатсияи шараёни испурч гузаронида шавад. Хушбахтона, қисмати дисталии раги испурчи калоншуда бо эмболҳои сферикии андозаи 900–1200 мкм бомуваффақият баста шуд.
Гузаронидани ангиографияи такрорӣ пурра барқарор шудани гардиши хун дар раги шараёни беморро нишон дод, ки он самаранокии усулро тасдиқ намуда, ба устувор шудани вазъи саломатии бемор мусоидат намуд. Ин амалиёт ба бемор бе буриш гузаронида шуд.
Пас аз як рӯзи гузаронидани амали мазкур бемор ба хонааш рухсат дода шуда, айни ҳол вазъи саломатиаш хуб мебошад.
Тавре Ҷамшед Раҳмонов, ҷарроҳи эндоваскулярии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо иброз дошт, ин амалиёт нахустин таҷрибаи табобати чунин беморӣ дар кишвар ба шумор рафта, имкониятҳои навро барои муолиҷаи осебҳои мураккаби рагӣ баъди пайванди ҷигар фароҳам овард.


