Конгресси байналмилалии “Терапия ва тибби профилактикӣ” ба таври маҷозӣ доир гашт

17-уми декабри соли 2025 2-юмин конгресси байналмилалии «Терапия ва тибби профилактикӣ» оид ба шарикии глобалӣ барои саломатии миллатҳо: табобат ва пешгирӣ дар кишварҳои ИДМ ба таври маҷозӣ оғоз гашт, ки дар он намояндагони вазоратҳои тандурустии кишварҳои аъзои ИДМ ва роҳбарони муассисаҳои соҳавии давлатҳои аъзо иштирок намуданд.

Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конгресси мазкур муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ ва масъулини вазорат ба таври маҷозӣ ширкат варзиданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Саломуддин Юсуфӣ дар ин чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ташкил ва баргузории онро баҳри густариши ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар бахшҳои терапия ва тибби профилактикӣ зарур шуморид.

Конгресси мазкур як платформаи бисёрҷанбаест, ки дар он равишҳо ва методологияҳои гуногун дар соҳаи тандурустӣ ва пешгирии бемориҳои музмин бо ҳам мепайвандад.

Он таҷрибаҳои байналмилалӣ ва ватанӣ, пешрафтҳои илмӣ ва равишҳои анъанавӣ, муҳаққиқони ҷавон ва коршиносони шинохтаро муттаҳид мекунад. Ин чорабинӣ фазои табодули дониш ва таҳияи қарорҳоест, ки ба ҳалли мушкилоти соҳаи тандурустӣ дар кишварҳои аъзои ИДМ нигаронида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки 2-юмин конгресси байналмилалии «Терапия ва тибби профилактикӣ» то 19-уми декабри соли равон бо иштироки намояндагони вазоратҳои тандурустии кишварҳои аъзои ИДМ ба таври маҷозӣ идома хоҳад ёфт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Россия. Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми “Ҷамъияти солим”

Таҷлили Наврӯз дар Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе

Ҷараёни рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тақвият меёбад

Москва. Иштироки намояндаи вазорат дар конгресси “Мардум ва тиб”

“Омодагӣ ва вокуниш ба бемории сироятии гулузиндонак (дифтерия)”

Женева. Вохурии вазирони тандурустии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба муҳокимаи ниҳоии “Харитаи роҳ барои саломатӣ ва некуаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2026-2030”

Search
爱思助手汽水音乐易歪歪HelloGPT沙盘telegram下载tg下载mumu模拟器