Таваҷҷуҳ, ба диққати рӯзноманигорон!

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи “Барномаи миллии ҳимояи аҳоли аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” озмуни “Беҳтарин видеоролик” ва “Беҳтарин мақола”-ро оиди пешгирии бемории сил дар байни намояндагони ВАО эълон менамояд.

Ҳадафи озмун баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оид ба пешгирӣ ва табобати сил мебошад. Аз иштирокчиёни озмун даъват карда мешавад, ки ба масъалаҳои марбут ба усулҳои нави ташхис ва табобати шахсони гирифтори сил, шаклҳои васеи устуворӣ ба дорувории зидди бактериявӣ, аз байн бурдани тамғагузорӣ ва ҳуқуқпоймолкунии вобаста ба бемории сил диққати махсус диҳанд.

Маводи видеоӣ бояд то 3 дақиқа бошад ва мазмуну муҳтавои он имконпазир будани табобати бемории сил, дастрасии беморон ба маводи доруворӣ, пешгирии тамғагузорӣ, нишонаҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии онро инъикос намояд.

Маводҳои чопӣ, ки ҳам дар рӯзномаҳо ва ҳам дар нашрияҳои электронӣ аз 24 то 29 декабри соли ҷорӣ интишор ва пахш шудаанд, қабул карда мешаванд.

Афзалият ба маводи жанрҳои таҳлилӣ дода мешавад.

Ғолибон дар бахши “Беҳтарин видеоролик”

Ҷойи якум 5 ҳазор сомонӣ

Ҷойи дуюм 3 ҳазор сомонӣ

Ҷойи сеюм 2 ҳазор сомонӣ

Барои “Беҳтарин мақола”

Ҷойи якум 4 ҳазор сомонӣ

Ҷойи дуюм 2 ҳазор сомонӣ

Ҷойи сеюм 1000 сомонӣ

Маводҳо бояд ба унвонии озмун ва бо пешниҳоди ному насаб, суроға ва рақами телефони муаллиф ба почтаи электронии info@moh.tj то 29 декабри соли ҷорӣ фиристода шаванд.

Суроға, шаҳри Душанбе, кӯч. Шевченко 69; телефон барои тамос: 44 600 60 02

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ёвон: ба истифода додани Маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Норин

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Чорабинии иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ

Эълони ҷойи кори холӣ дар филиали ширкати “Нормека Интернешнл АС” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Search