Шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷагирӣ аз рафти амалисозии  4 барномаи соҳавӣ дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

30-юми декабри соли равон дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода доир ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 баромад кард. Аз ҷумла иброз гашт, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз муҳимтарин чорабинҳоест, ки ҳамасола баргузор мегардад ва мардуми кишвар онро бесаброна интизорӣ мекашанд.

Тавре гуфта шуд, дар Паёми навбатии хеш Роҳбари давлат дастоварду муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ ҳам дар арсаи сиёсат ва ҳам дар арсаи иқдисоду иҷтимоёт ба риштаи таҳлил кашида, аз ҷумла соли 2025-ро барои мардуми сарбаланди тоҷик соли муваффақияту бурдборӣ арзёбӣ карданд.

Махсусан, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатиро аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ арзёбӣ карданд.

Муаллам аст, ки дар баробари дигар бахшои муҳими ҷомеа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, аз ҷумла иброз доштанд, ки дар даҳ соли охир дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Тавре гуфта шуд, агар маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2015-ум 1 миллиарду 37 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас он дар соли 2025 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расонида шуд.

Яъне буҷети соҳа дар ин давра беш аз 4,2 баробар зиёд гардида, дар даҳ соли охир 26 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки масъалаи мукаммалсозии низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, гузариш ба низоми ғайринақдии пардохти хизматрасониҳо ва дигар масъалаҳои соҳаро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намояд.

Ҳамчунин ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи ислоҳоти навбатӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешад.

Дар баробари ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо лоиҳаи Барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро барои солҳои 2026 – 2030 таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Дар ин замина, гуфта шуд, ки фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷиҳати таъмин намудани самаранокии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.

Илова бар ин, таъкид гардид, ки аз ҷониби роҳбарони тамоми сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ, таъминоти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, фаро гирифтан ба шуғли пурмаҳсул ва дигар кафолатҳои давлатии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Бо назардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ Пешвои миллат супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.

Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешавад.

Вобаста ба ин, аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ ва дигар сохторҳои зертобеи вазорат супориш дода шуд, ки ҷиҳати таҳия ва пешниҳоди Барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро барои солҳои 2026-2030 аллакай чораҳои заруриро андешида, дар ин самт корро ҷоннок намоянд.

Зимни баромади хеш Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар вобаста ба дигар масъалаҳои муҳими дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасигашта низ суханронӣ карда, аз роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва дар умум кулли иштирокчиёни ҷаласа даъват ба амал овард, ки баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти беш аз пеш эҳсос намоянд.

Ҳамин тавр, дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат рафти татбиқи чор барномаи тандурустӣ-«Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Нахуст оид ба иҷрои «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО” Сафаралӣ Сатторов маълумот дод.

Тавре гуфта шуд, вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) сирояти ҷанбаи иҷтимоидошта ба шумор рафта, яке аз мушкилоти асосии ҷаҳони муосир мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки дар давоми зиёда аз се даҳсолаи охир роҳи мунтаззами ташаккул ва такмили барномаҳои миллиро дар самти муқовимат ба ВНМО тай намудааст.

Дар давоми 34 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 7 стратегия ва барномаҳои миллиро дар самти муқовимат ба ин эпидемия қабул ва марҳила ба марҳила амалӣ гардонидааст. Ин рақам на танҳо нишондиҳандаи фаъолият, балки исботи он аст, ки Ҳукумати кишвар эпидемияи ВНМО-ро ҳамчун масъалаи муҳими рушди иҷтимоӣ ва амнияти саломатӣ эътироф карда, ба он таваҷҷуҳи устувор зоҳир менамояд.

Зикр гардид, ки айни замон ҷумҳурӣ дар раванди ҷамъбасти амалигардонии “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО ва БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №50 қабул карда шудааст, қарор дорад. Ҳадафи асосии барномаи мазкур- ин дастрасии баробари аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат оид ба пешгирӣ, табобат ва нигоҳубини гирифторони ин беморӣ буда, 6 самти афзалиятнокро дар бар мегирад. Ҳар як самт вазифаҳои мушаххас дошта, дар доираи иҷрои онҳо чорабиниҳои дахлдор амалӣ шудаанд.

Дар баробари ин, гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ 34 нуқтаҳои боварӣ барои нашъамандони тазриқӣ дар назди марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, муассисаҳои ислоҳӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолияти бонизом намуда, хизматрасониҳоро дар самти мубодилаи сузандоруҳои яккарата, тақсимоти маводҳои пешгирикунанда, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои пешгирии сирояти ВНМО ба намояндагони ин гурўҳ саривақт мерасонанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати васеъ намудани машварат ва ташхиси фаврӣ дар байни гурўҳҳои аҳолии дорои хатари баланди сироятидошта, ҳамзамон дар заминаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ бо истифода аз тестҳои луобӣ ва васеъ намудани худтесткунонии вируси норасоии масунияти одам тариқи фармоиши онлайн ва дастрасии ройгони он ба роҳ монда шуда, дар солҳои 2022 – 6738, соли 2023 – 4134, соли 2024 – 8277 ва соли 2025 бошад, 9240 нафар дар заминаи муассисаҳои давлатии тиббӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо истифода аз тестҳои луобӣ аз ташхис гузаштаанд.

Дар идомаи баромади хеш Сафаралӣ Сатторов доир ба дигар самтҳои татбиқи барномаи болозикр низ ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.

Ҷиҳати амалисозии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №415 тасдиқ гардидааст”, Ҳақназаров И.А., директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо” баромад кард.

Иттилоъ дода шуд, ки нақшаи амалисозии барнома аз 23 банд иборат буда, 16 банди он (69,5%) иҷро гардида, 7 (30,5%) банди дигар дар муҳлатҳои муайянгардида амалӣ карда мешаванд.

Ҳамин тавр, ба таври муфассал оиди иҷроиши ҳар як банд дар алоҳидагӣ маълумоти мушаххас пешниҳод карда шуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки доир ба банди 1 “Таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ” тибқи талаботи банди мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиш оид ба амалисозии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”-ро аз 22 феврали соли 2022, №147 тасдиқ намуда, дар мувофиқа бо дигар вазорату идораҳое, ки барои иҷрои барнома муваззаф гардидаанд, Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи барнома дар назди Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо” таъсис дода шуд.

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо” дар соли аввал вобаста ба амалисозии барнома низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ ва нақшаи амалисозии байнисоҳавии барномаро таҳия намуда, дар ҷаласаи якуми Шӯро тасдиқ намуд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқгардида ба шакли хаттӣ ва электронӣ барои корбарӣ ба аъзоёни Шӯро дастрас карда шудааст.

Вобаста ба рафти иҷроиши «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2021-2025» директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” Файзалӣ Саидзода ба иштирокчиён маълумот дод.

Таъкид гардид, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ, паст намудани фавт аз онҳо, таъмини сатҳи баланди фарогирӣ бо иммунизатсия ва риояи ҳатмии иммунизатсияи тақвимӣ бо қоидаҳои асосии бехатарӣ – яке аз самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Таҳия ва қабули Барномаи миллии иммунопрофилактика аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №51 барои солҳои 2021-2025 далели он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала диққати махсус медиҳад.

Мақсадҳои асосии барнома аз таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, устувор нигоҳ доштани мақоми давлати озод аз бемории фалаҷ, баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизматрасониҳои тиббӣ, беҳтар намудани саломатии модар ва кўдак, таъмини дарозумрии аҳолӣ ва пурзўр намудани кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ҷумҳурӣ иборат буда, вазифаҳои он нигоҳ доштани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ (пешгирии ворид шудани вируси ёбоии фалаҷ аз хориҷи кишвар), нигоҳ доштани мақоми кишвар бо элиминатсияи сурхча (пешгирии гардиши вируси маҳаллии сурхча), элиминатсияи гулафшон (пешгирии гардиши вируси маҳаллии гулафшон), пешгирии алоими гулафшони модарзодӣ байни кўдакони зиндатаваллуд, роҳ надодан ба пайдоиш ва паҳншавии ҳодисаҳои бемории гулўзиндонак дар байни аҳолӣ, паст намудани сатҳи бемории кабудсулфа дар байни аҳолӣ, пешгирии сироятёбии гепатити B байни кўдакони хурдсол, роҳ надодан ба хатогиҳои барномавии кормандони тиб, ки боиси рух додани ҳолатҳои номатлуби баъд аз иммунизатсия мегардад, такмил додани донишу малакаи кормандони соҳаи тиббӣ ба иммунизатсия вобасташуда бо роҳи гузаронидани омўзишҳои даврии ҳарсола оид ба масъалаҳои иммунопрофилактика ва ҷорӣ намудани навъовариҳои соҳаи иммунопрофилактика дар барномаҳои таълимӣ барои кормандони тиб иборат мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми панҷ соли татбиқи барнома дастовардҳои назаррас дар самти беҳтар намудани баъзаи моддию техникии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, филиалҳои он ва марказҳои иммунопрофилактикаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба даст оварда шудааст.

Аз ҷумла, дар доираи татбиқи лоиҳаи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (АГВИ) «Устувор намудани соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тавассути Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва таҷдиди 8 адад анборхонаҳо барои нигоҳдории ваксинаҳо ва маводҳои иммунизатсионӣ ба анҷом расонида шуда, ба истифода дода шуданд, аз ҷумла таҷдиди анборхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе ва анборхонаи минтақавӣ дар шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон, сохтмони анборхонаҳои нав дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Рашт ба анҷом расиданд. Айни замон сохтмони анборхонаи нигоҳдории ваксинаҳо дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рафта истодааст.

Дар идома рафти амалисозии “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки барномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020, №704 қабул гардида, 7 ҳадаф, 13 вазифа ва 88 чорабиниро дарбар гирифта, маблағи умумии он 1 миллиарду 316 миллиону 681 ҳазору 860 сомониро ташкил медиҳад.

Мақсади барномаи мазкур беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббӣ тавассути навсозии инфрасохтори дахлдори тандурустӣ мебошад.

Пас аз шунидани маърӯзҳои масъулин аз ҷониби роҳбарияти вазорат таваҷҷуҳи бештар ба масъалаву мушкилотҳои ҷойдошта дар самти татбиқи барномаҳои болозикр зоҳир карда шуд.

Дар охир оид ба мавзъҳои пешниҳодгашта қарорҳои дахлдор қабул гардида, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search