Ҷаласаи Шӯрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт

30-юми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт, ки дар он раиси шӯро, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини раиси шӯро, котиби шӯро ва аъзоёни шӯро ширкат варзиданд.

Дар рӯзномаи ҷаласа як масъала-муҳокимаи натиҷаи аккредитатсияи тиббӣ бо қарорҳои Маркази аккредитатсияи тиббӣ дар 36 адад муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла 13 муассисаи давлатӣ ва 23 адад муассисаи хусусии тиббӣ, ки аз моҳи март то моҳи декабри соли 2025 аз расмиёти аккредитатсияи тиббӣ гузаштаанд, баррасӣ гашт.

Тавре гуфта шуд, масъалаҳои аккредитатсияи муссисаҳои тиббӣ имрӯз дар арсаи байналмилалӣ мақоми намоёнро ишғол намуда, талаботро нисбати расонидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо назардошти сифат ва дастрасии он дигаргун сохтааст.

Боиси қаноатмандист, ки зина ба зина тавассути мукаммалсозии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, беҳтаркунии вазъи инфрасохтор ва рушди неруи кадрӣ дар муассисаҳои тандурустии мамлакат барои вориднамоии аккредитатсия замина гузошта шуда истодааст.

Дар ин самт, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 2024, Nº600 “Дар бораи масъалаҳои аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ” кабул гардидааст.

Яке аз вазифаҳои асосии аккредитатсия ба ғайр аз баҳои берунӣ, ин таъсис додани системаи дохилии сифат, ки стандартҳои аккредитатсияро ҳамчун асосҳои худбаходиҳӣ ва худназоратии ҳайати кормандони муассисаи тандурустӣ ва фаъолияти ихтисосии онҳо истифода мебарад, ба ҳисоб меравад.

Мақсади аккредитатсияи муассисаҳои тандурустӣ- ин таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандагон барои гирифтани кӯмаки тиббию санитарӣ дар ҳаҷм ва сифатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, мебошад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器