Имрӯз, 08-уми январи соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Нуриддин Муҳиддин, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, сардори Хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоӣ Шералӣ Амиршозода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа як масъала-“Ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026” баррасӣ гашт.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода доир ба фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 баромад кард.
Қайд гардид, ки сол то сол ҳолати моддию техникии муассисаҳои тиббӣ беҳтар гардида, дар ин раванд сифати хизматрасониҳои тиббӣ низ рӯз ба рӯз беҳтар мегардад. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16 декабри соли 2025 қайд гардид: “Дар даҳ соли охир дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст”.
Боиси ифтихор аст, ки дар нимсолаи аввали соли равон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар як қатор иншоотҳои нави тандурустӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар ин замина, гуфта шуд, ки амалисозии ислоҳоти соҳа ҳамкории зичро бо шарикон оид ба рушд талаб менамояд. Дар ин раванд дар назди вазорат 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ фаъолият намуда истодааст. Лоиҳаҳои мазкур бо истифода аз маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва Бонки олмонии рушд амалӣ мегарданд.
Дар асоси розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фармоиши вазорат аз 5 феврали соли 2025 дар шаҳри Душанбе Шарҳи якҷояи солонаи соли дуюми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) бо иштироки васеи намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳои ғайридавлатие, ки дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият мекунанд, баргузор гардид, ки дар натиҷа лоиҳаи Резолютсияи Саммит-4 ва Нақшаи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар соли 2025 баррасӣ ва қабул гардиданд.
Ҳамзамон, 3 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.
Дар соли 2025 баҳри таҳкими заминаи ҳуқуқии соҳа 13 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 5 лоиҳаи қонун аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ барои баррасӣ пешниҳод карда шуданд. Инчунин, лоиҳаҳои 9 қарорҳои дигар дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида ва дар марҳилаи баррасӣ қарордошта ба масъалаҳои таъмини дастрасӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ, инчунин гузаронидани муоинаи тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ ва чорабинии оммавӣ бар зидди вируси папиломаи одам, тарбияи кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраҳоро дарбар мегирад.
Бо мақсади беҳтаркунии инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ дар соли 2025 аз ҳама сарчашмаҳо дар мамлакат 113 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода шуд. Дар ин давра ҳамзамон 301 муассисаҳои соҳа таъмир гардида, айни ҳол дар 59 муассисаи дигар корҳои таъмирӣ идома доранд.
Бо мақсади фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, фаъолият дар самти мазкур идома ёфта, дар соли 2025 ба 330 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо (2024-295) гузаронида шуд.
Дар соли 2025 дар умум 72 навгониҳо дар соҳа ворид карда шудааст, ки аз инҳо 14 навгонӣ дар самти ташхис ва 58 навгонӣ дар самти табобат мебошанд.
Дар ин давра аз ҷониби мутахассисони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар 7700 иншоотҳои гуногун санҷишҳои санитарии ҷорӣ гузаронида шуд.
Дар баробари ин, оиди риоя накардани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ нисбати 13096 нафар шахсони масъул протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба 13096 нафар ҷарима баста, фаъолияти 186 иншоотҳо то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан аз фаъолият боздошт карда шудаанд.
Дар умум 5925 кг маҳсулотҳои хӯрокаи пастсифат ва мӯҳлати истеъмолиашон гузашта аз муомилот боздошта шуда, тибқи муқаррароти муайянгардида нобуд карда шудаанд. Дар сатҳи ҷумҳурӣ дар ин давра 21004 адад хулосаи санитарию эпидемиологӣ дода шудааст.
Айни замон дар соҳаи силшиносии ҷумҳурӣ 5 адад нақлиётҳои сайёри рақамии флюорографӣ, 40 адад дастгоҳҳои рентгении рақамии портативии дорои зеҳни сунъӣ, 84 таҳлилгоҳи бактериоскопӣ барои дарёфти саривақтии беморони сил ва муоинаи саривақтии беморони ҳамрадиф сил/ВНМО фаъолият доранд, ки 621350 нафар шаҳрвандон аз муоина гузаронида шудаанд.
Бо мақсади таъмин намудани амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, паст намудани теъдоди осебҳои пешазсаратонии гарданаки бачадон 24 июли соли 2025 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №408 “Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардид ва 1 октябри соли 2025 иммунизатсияи нақшавии духтарони синни 10 солаи ҷумҳурӣ бар зидди ВПО дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон оғоз гардид. Вобаста ба ин, иммунизатсияи нақшавии зидди ВПО, аз 1 то 31 октябри соли 2025 чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди ин вирус дар ҷумҳурӣ байни духтарони синни 11-14-сола гузаронида шуда, 517000 нафар ё 96,6% ба ваксина фаро гирифта шуданд;
Беҳтар намудани вазъи таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар бо мутахассисони тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Дар соли 2025 дар муассисаҳои тандурустӣ 22419 нафар табиб ва 64909 нафар корманди миёнаи тиббӣ кор мекунад, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 1,9 ва 2,3% зиёд мебошад. Тибқи оморҳои пешакӣ, банд будани воҳидҳои кории табибон 94,3 ва кормандони миёнаи тиббӣ 99,7%-ро ташкил дода ба як соли пешин тахминан 0,8 ва 0,1% зиёд мебошад.
Дар ин муддат 60 нафар мутахассисон бо мукофотҳои давлатӣ ва 21 нафар мутахассисон бо унвони фахрии “Донори ифтихории Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, ба 26 нафар нишони «Аълочии ҳифзи иҷтимоӣ», ба 505 нафар «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» ва ба 180 нафар Ифтихорномаи вазорат дода шуд.
Дар соли ҳисоботӣ 1903 табиб ва 8147 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ба аттестатсия фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба як соли пешин мутаносибан 60 табиб кам ва 3548 нафар кормандони миёнаи тиббӣ зиёд мебошад.
Дар шӯроҳои диссертатсионии фаъолият дошта 75 рисолаҳои номзадӣ ва 12 рисолаҳои докторӣ ҳимоя карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 7 рисолаи номзадӣ ва 7 рисолаи докторӣ зиёд мебошад.
Аз ҷониби муассисаҳои таълимию илмиии вазорат 42 лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, амалӣ мегарданд, нисбат ба соли гузашта 3 адад зиёд мебошад. Миқдори корҳои илмӣ – нашриётӣ 8170, пешниҳоди ратсионализаторӣ 132 ва патентҳо 55 ададро ташкил медиҳанд, ки нисбат соли гузашта миқдори корҳои нашршуда 2853, пешниҳоди ратсионализаторӣ 15 ва патентҳо 5 ададӣ зиёд мебошанд.
Дар соли 2025 165 иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти фарматсевтӣ, муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда дода шуда, миқдори муассисаҳои фарматсевтӣ 3492 ададро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 150 адад зиёд мебошад.
Дар соли 2025 ба маблағи 27,14 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкатҳои фарматсветӣ дору ва моддаҳои фаъоли биологӣ аз ҷумҳури содирот гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 71 корхонаҳои ватании истеҳсоли 634 намуди дору ва молҳои тиббӣ, ки дар умум 377 номгӯйро ташкил медиҳад, ба роҳ мондаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024 4 корхона, 36 намуд ва 26 номгу зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда дар соли 2025 зиёда аз 106,5 миллион ададро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,5 млн. адад зиёд мебошад.
Дар соли 2025 муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии зерсохторҳои Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 37665 нафарро ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ фаро гирифтаанд, ки 11863 нафарашон кӯдакони имконияташон маҳдуд мебошанд.

Дар идомаи ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат ҳамзамон сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони хадамотҳои назорати давлатӣ, муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ доир ба фаъолияти хеш дар давраи ҳисоботӣ маълумот доданд.
Баъди шунидани ҳисоботи масъулин таваҷҷуҳи бештар ба масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа зоҳир карда шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронии хеш аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт, ки маҳз дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳиму саривақтӣ баҳри таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ дар кишвар шароиту имкониятҳои муосир фароҳам оварда шуд.

Номбурда иброз дошт, ки айни ҳол дар соҳа зиёда аз 15 барномаву стратегия амалӣ гашта истодаанд, ки баҳри ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими соҳа мусоидат менамоянд.
Дар идомаи суханронии хеш номбурда ҳамзамон доир ба натиҷаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, инчунин вазъи як қатор бемориҳо низ ибрози назар карда, дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакатро баҳри рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба самъи ҳозирин расонид.


Дар охир қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар баҳри муътадил гузаронидани давраи зимистон, бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, кӯмаки фаврии ройгони тиббӣ, таъмиру тармим намудани иншооти тандурустӣ, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва фавти модару кӯдак, омода намудани мутахассисони соҳавӣ ва таъмини онҳо бо ҷойи кор, истифодаи технологияи муосир дар самти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, саривақт ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, риояи одоби муоширати табибон бо беморон, иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва дигар масъалаҳо аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода супоришҳои мушаххас гирифтанд.


