Ҷараёни рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ гашт

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025, №911 “Дар бораи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намудани солҳои 2025-2030”, тақвият бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷорӣ намудани Пойгоҳи ягонаи рақамии ҳифзи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2025, №13-85 гурӯҳи корӣ ташкил гардида, фаъолияти он бомаром дорад.

Дар ҷаласаи навбатии он, ки рӯзи 30 январи соли 2026 зери роҳбарии Муҳиддин Ҳабибулло Хайруллозода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бо иштироки аъзои гурӯҳи корӣ баргузор гардид, масъалаи асосӣ – рафти ҷараёни рақамикунонии соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини вазир иброз дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16 декабри соли 2025 таъкид гардид, ки дар баробари мақомоти давлатӣ, ки ҷиҳати татбиқи технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, ҳамчун яке аз омилҳои калидии рушди устувори иқтисод, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва рақобатпазирии кишвар дар шароити ҷаҳонишавӣ сохторҳои соҳаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа вазифадоранд, ки масъулияти шаҳрвандонро низ муайян намоянд. Аз ин рӯ, дар баробари роҳбарони сохторҳои соҳа, кормандонро низ зарур аст, ки дониши худро дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ мунтазам такмил дода, аз навгониҳои муосири техникӣ ба таври фаъолу самаранок, аммо бо риояи меъёрҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ истифода намоянд.

Бо назардошти ин таъкидот, ҷараёни рақамикунонии соҳа, таҳияи модулҳо оид ба самтҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ гардида, бо мақсади таъмини саривақтии рақамикунонии соҳа тибқи нақшаи муайяншуда дар назди масъулон- Гурӯҳи татбиқи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” ва Муассисаи давлатии “Маркази иттилоотию таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search