Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода ва Маркази саломатии ноҳияи Шаҳринав

Ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ имрӯз, 05-уми феврали соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз вазъи хизматрасонии тиббии Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода ва Маркази саломатии ноҳияи Шаҳринав дидан ба амал овард.

Бояд гуфт, ки аз ҷумла Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода яке аз муассисаҳои калонтарини тандурустӣ дар ҳудуди шаҳри номбурда ба ҳисоб меравад.

Аснои ташриф ба ин муассисаҳои тандурустӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз ҳолати шӯъбаҳо ва таҷҳизотҳои тиббии онҳо дидан ба амал овард.

Ҳамзамон, номбурда дар муассисаҳои тандурустии болозикр бо рафти табобати як қатор беморон низ шинос гашта, доир ба ҷараёни табобати онҳо бо масъулин ва табибон суҳбат анҷом дод.

Дар идомаи боздид Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти муассисаҳои тандурустӣ масъалаҳои назорати қатъии беморон, аз ҷумла беморони дар ҳолати вазнин қарордошта, пешгирии фавти модару кӯдак, таъминот бо доруворӣ, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳаро баррасӣ намуд.

Ҳамин тавр, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва бо ин васила боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба масъулини соҳаи тандурустии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ёвон: ба истифода додани Маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Норин

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Чорабинии иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ

Эълони ҷойи кори холӣ дар филиали ширкати “Нормека Интернешнл АС” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器