Масчоҳ. Беҳтар намудани вазъи санитарию эпидемиологӣ

05 феврали соли равон дар доираи сафари корӣ муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруфҷон Ҳоҷибоев ва директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Султон Раҳмонзода аз ноҳияи Масчоҳ боздид намуданд.

Зимни сафари корӣ ҳолати санитарию эпидемиологӣ, вазъи хизматрасонии тиббӣ, пешгирии афзоиши бемориҳои бо ваксина идорашаванда, инчунин омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди омӯзиш ва таваҷҷуҳи хоса қарор гирифт.

Ҳамзамон, масъулини соҳаи тандурустии вилоят аз рафти корҳои ободонӣ ва омодасозӣ дар объектҳои ҷашнӣ низ дидан карданд.

Дар рафти боздид ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, шуъбаи маориф, Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар сохторҳои марбутаи ноҳияи Масчоҳ тавсияҳои санитарӣ, дастуру супоришҳои мушаххас ва муҳлатдор дода шуд.

Таъкид гардид, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати ин супоришҳо барои беҳтар намудани вазъи санитарию эпидемиологӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва таъмини саломатии аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Диққат, эълон!

“Ҳафтаи аврупоии пешгирии саратони гарданаи бачадон”

Данғара. Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гашт

Поиск