Ташхисҳои озмоишгоҳии ройгон ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа

Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти комили миллӣ баҳри фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоиди зисту зиндагонӣ барои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Дар ҳамин замина, баҳри дастрасии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба хизматрасониҳои тиббӣ низ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва сохторҳои алоқаманди соҳа, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  имтиёзҳо пешбинӣ карда шуда, ин қишри ҷомеа аз кумаку ғамхориҳо пайваста бархурдор мебошанд.

Бино ба иттилои Баҳодур Холназар, директори Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” аз ҷониби роҳбарияти муассисаи мазкур пайваста баҳри дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбону камбизоатон чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Ба гуфти номбурда, бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ давоми соли 2025 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” ба 1828 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон 7070 ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд.

Ташхисҳои ройгони озмоишгоҳии гузаронидашуда баҳри пешгирӣ ва табобати бемориҳо барои табақаҳои ниёзманди ҷомеа мусоидат хоҳанд кард. Роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ минбаъд низ фаъолияти хешро баҳри дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа идома хоҳад дод.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译