Ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб семинари омӯзишӣ доир шуд

20 феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Терроризм-экстремизм ва роҳҳои пешгирии он” семинари омӯзишӣ доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, намояндаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Хушвахт, прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурзода Муҳамаднабӣ ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба шумор меравад ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошанд.

Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон дар хона, муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва ҷойҳои кору фаъолият ба онҳо роҳи дурусти ба камол расидан ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон бидиҳанд.

Гуфта шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ Нақшаи чорабиниҳои муштараки вазоратро бо Вазорати корҳоии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ба имзо расонида, пайваста дар байни кормандон корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ба роҳ монда истодааст.

Инчунин, ҷиҳати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Нақша-чорабинӣ вобаста ба амали намудани Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” ва Нақшачорабинӣ оид ба “Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ва террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” тасдиқ гардида, мавриди иҷро қарор доранд.

Дар ин замина, қайд карда шуд, ки Қатъномаи Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид аз 20 декабри соли 2022, №77/243, рӯзи 12 феврал ҳамчун “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад”, эълон карда шудааст.

Зарурати қабули Қатъномаи мазкур дар он дида мешавад, ки дар ҷомеаи кунунӣ бархе аз ҷавонону наврасон бинобар надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд.

Баъдан, прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурзода Муҳамаднабӣ ва намояндаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Хушвахт доир ба масъалаи мазкур баромад карданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон  дар соҳаи тандурустӣ

Вохурӣ бо роҳбари навтаъйини намояндагии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото

Search