Дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Абдухолиқ Амирзода ҷаласаи корӣ доир гашт

Имрӯз, 14-уми марти соли равон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур масъулини соҳаи тандурустии вилоят, роҳбарият ва кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадаф ва мақсади баргузории он андешаронӣ кард.

Дар идома номбурда дастуру супоришҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро вобаста ба як қатор масъалаҳои муҳими соҳа ба самъи ҳозирин расонид. Аз ҷумла, масъалаҳои риояи қатъии қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, пурзӯр намудани чораҳои пешгирии бемориҳои бо ваксина идорашаванда ва бартараф намудани омилҳои хавф, тақвияти гардишҳои хонагӣ, назорати мунтазами беморон, бахусус беморони дар ҳолати вазнин қарордошта, инчунин вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бояд гуфт, ки чунин сафарҳо ва вохуриҳои кории роҳбарияти вазорат дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо масъулини соҳа бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Таҳлили фаъолияти марказҳои кори ҳамширагӣ ва кормандони миёнаи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Search