Баҳри болидарӯҳии бошандагони Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода бахшида ба ҷашни Наврӯз чорабинии идона доир гашт

Дар Муассисаи давлатии “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода” имрӯз ба муносибати ҷашни хуҷастаи Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид.

Дар чорабинӣ директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Сафарзода, роҳбарият ва бошандагони муассисаи болозикр ширкат варзиданд.

Дар саҳни Хона- интернат ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни зебои Наврӯзи оламафрӯз дастархони идона ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Меҳмонон нахуст аз намоишгоҳи ҷашнӣ дидан карда, бо дастархони идонаи оросташуда шинос гаштанд.

Баъдан, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Сафарзода бо сухани табрикотӣ баромад карда, бошандагони муассисаи мазкурро аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуд.

Аснои суханронии хеш номбурда аз таърихи ин ҷашн куҳан ва таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумати мамлакат баҳри эҳёи ин иди бостонии миллати тоҷик ёдовар гашт.

Дар баробари ин, Абдулло Сафарзода аз дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ низ махсус ёдовар шуда, баргузории чорабинии идонаро идомаи таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои падаронаи Сарвари давлат нисбат ба пиронсолону маъюбони кишвар арзёбӣ намуд.

Баъдан, бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ бошандагони муассисаи болозикр дар зери навои суруду мусиқии саршор аз баҳору Наврӯз шодмонӣ намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мизи мудаввар доир шуд

Паёми табрикотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Озмуни байналмиллали эҷодӣ оид ба эссе, видеосюжетҳо, аксҳо ва расмҳо таҳти унвони «Ҳуқуқ ба саломатӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ баргузор гардид (АКС)

Омӯзиши раванди фаъолияти Комиссияи ҷумҳуриявии фавқулоддаи зиддиэпидемиявӣ

Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эрон

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器