Дар маркази матбуоти вазорат ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайки шифо” таъсис дода шуд

15 апрели соли 2026 дар Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси муассисон ҷиҳати таъсиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки Қурбонзода Убайдулло-Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Мирзоев Эмомалӣ Маҳмадуллоевич – Директори “Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва кормандони муассиса баргузор гардид.

Нахуст, Мирзоев Э. М., сухани ифтитоҳӣ намуда вобаста ба Барномаи созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андешаронӣ намуд.

Дар идома Қурбонзода Убайдулло суханронӣ намуда ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома “Оиди таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ” дар Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии кормандон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлиси муассисон “Дар бораи номгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ” бо пешниҳод ва ҷонибдории ҳайати кормандон номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Пайки Шифо” номгузорӣ карда шуд.

Вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзнома интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Пайки Шифо” қарорҳои дахлдор қабул гардида, Мирзоев Эмомалӣ Маҳмадуллоевич раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайки Шифо” ва Меҳроҷиддинзода Азиза Меҳроҷиддин муовини раиси ташкилот интихоб гардиданд.

Дар идома Қурбонзода Убайдулло раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ вобаста ба амалӣ гардонидани ҳадафи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, баланд бардоштани нуфузи ҲХДТ дар ҷомеа, танзими ҳаракати аъзои ҳизб, ба манфиат истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, ки имрӯзҳо иттилоот ба қудрати муассир табдил ёфтааст, мо уҳдадорем фазои иттилоотии ҷумҳуриро бо маълумоти дурусту саҳеҳ пурра гардонем. «Бахусус, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба минбари асосии бархӯрдҳои идеологӣ мубаддал гардидааст, аз арзишҳои миллии худ дифоъ созем. Ормонҳои созандаи ҲХДТ-ро васеъ тарғиб намуда, дар самти иттиҳоду ҳамфикрӣ талош варзем. Зеро ин амал, кафолати таъмини сулҳу субот, пешрафту тараққиёт ва минбаъд вусъат пайдо намудани корҳои созандагӣ мебошад».

Дар охири маҷлис нафароне, ки ба сафи ҲХДТ шомил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search