Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Варзоб ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд

Дар ноҳияи Варзоб бо баргузории як чорабинии бошукӯҳи идона кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи мазкур ҷашни Наврӯзи оламфрӯзро таҷлил намуданд.

Аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Варзоб дастархони идона ороста шуда, унсурҳои наврӯзӣ, аз қабили ҳафтсину ҳафтшин ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Роҳбарияти ноҳия зимни суханронии худ кулли кормандони соҳаи тандурустии ноҳияро бо Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, оид ба нақш ва мақоми ин ҷашн ибрози андеша намуд.

Таъкид гардид, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ аз қабили бузургтарин ҷашни миллии мо ва соли нави аҷдоди маҳсуб ёфта, ниёгони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил намуда, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо иштироки хурду бузурги диёр, бо чеҳраи шоду дили пур аз фараҳ истиқбол мегирифтанд.

Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва рӯҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад. Наврӯз дар асл ҷашни зиндагисоз аст.

Дар идомаи чорабинӣ ҳамчунин як қатор фаъолон бо Сипоснома ва собиқадорон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Чорабинӣ бо барномаи рангини фарҳангӣ ба анҷом расид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ёвон: ба истифода додани Маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Норин

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Чорабинии иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ

Эълони ҷойи кори холӣ дар филиали ширкати “Нормека Интернешнл АС” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Search