Рӯзҳои 18 ва 19-уми сентябри соли равон бо мақсади тақвият бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар доираи иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025, №911 Дар бораи “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намудани солҳои 2025–2030» барои нозир-коргузорони сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, менеҷери лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурхон Ҳаётзода ва инчунин 152 нафар нозир-коргузорон ширкат варзиданд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода ҳадаф ва мақсади баргузории семинари омӯзиширо ба самъи ҳозирин расонида, аз иштирокчиён, хосатан аз нозир-коргузорон даъват ба амал овард, ки дар давоми баргузории чорабинӣ фаъол бошанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи асосии баргузории семинари омӯзишӣ-ин муаррифӣ ва омӯзонидани тарзи истифода ва кор бо модули нави иттилоотии Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ-2 (КУИ 2) мебошад. Модули мазкур дар доираи Лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Ҳамзамон, дар ҷараёни семинари омӯзишӣ ба иштирокчиён имкониятҳои низоми нав, тарзи кор бо он ва равандҳои марбут ба истифодаи модули КУИ 2 ба таври амалӣ шарҳ дода шуданд.

Бояд гуфт, ки пас аз анҷоми омӯзишҳо, Лоиҳаи болозикр дар ҳамкорӣ бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бо ёрии техникии Маркази таҳлилию иттилоотии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорат ҷорӣ намудани низоми нави КУИ 2-ро дар 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марҳила ба марҳила амалӣ менамояд.


