Дар доираи иштирок дар саммити ҷаҳонии “Сармоягузорӣ ба некӯаҳволии кӯдакон: роҳ ба сӯи рушди устувор ва одилона барои наслҳои оянда”, ки рӯзҳои 21 ва 22-юми октябри соли равон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гашт, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдулллозода бо вохурӣ намуд.
Гуфта шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар заминаи сиёсати созандаи сарони ду кишвари дӯсту бародар айни ҳол дар сатҳи хуб қарор дошта, ҳанӯз ҳам имконияту зарфиятҳои зиёде баҳри густариши онҳо вуҷуд дорад.
Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо доир ба самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, махсусан ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни мутахассисони ду кишвар дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бомаром идома хоҳанд ёфт.

Дар анҷоми вохурӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид


