Иштирок ва суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи нуҳуми вазирони тандурустии давлатҳои узви СҲШ

20-уми апрели соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи нуҳуми вазирони тандурустии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) доир гашт, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷалаи мазкур роҳбарият ва намояндагони вазоратҳои тандурустии кишварҳои узви СҲШ ва ҳамзамон мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге ширкат варзиданд.

Дар рафти ҷаласа иштирокчиён доираи васеи масъалаҳои муҳими рушди соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла беҳтар кардани идоракунии давлатии низоми тандурустӣ, баланд бардоштани устувории низомҳои миллии тандурустӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва ташаббусҳо оид ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи СҲШ-ро баррасӣ карданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба табдили рақамии соҳаи тандурустӣ, ҷорӣ намудани системаҳои муосири иттилоотӣ, рушди тибби фосилавӣ ва афзоиши дастрасии хизматрасонии тиббӣ, махсусан барои сокинони минтақаҳои дурдаст зоҳир карда шуд.

Дар суханронии худ ҳайати Тоҷикистон татбиқи мунтазами ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар кишварро, ки ба беҳтар кардани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ нигаронида шудааст, қайд кард. Аз ҷумла густариши инфрасохтори тандурустӣ, навсозии муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар кардани нишондиҳандаҳои асосии тандурустии ҷамъиятӣ дар кишвар махсус таъкид карда шуд. Дар ин замина, коҳиши сатҳи фавти кӯдакон ва модарон, инчунин коҳиши умумии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ қайд гардид.

Дар анҷом протоколи ҷаласаи нуҳуми вазирони тандурустии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба имзо расид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаи тандурустӣ

Хатми нахустин донишҷӯёни Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон

ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ

Ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба шарҳи дусолаи татбиқи Нақшаи амали солҳои 2024–2026-и Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Даъват барои пешниҳоди изҳори ҳавасмандӣ барои ишғоли вазифаи “Машваратчӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ” (ним басти корӣ)

Twindor Gaming-Plattform Online: Vielfältige Slot-Spiele und attraktive Promotionen

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译