ВМКБ. Корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои тандурустӣ тақвият меёбанд

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баҳри рушди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид баҳри ташхису табобати беморон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастрасии бештари аҳолии вилоят ба хизматрасониҳои тиббӣ ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ корҳо сохтмонӣ дар як қатор муассисаҳои тандурустӣ бомаром идома доранд.

Тибқи иттилои Раёсати тандурустии ВМКБ, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар бинои Беморхонаи марказии ноҳияи Роштқалъа, шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ ва Беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ идома доранд.

Илова бар ин, ҳоло сохтмони Беморхонаи минтақавии Туғгоз ва таъмири Бунгоҳи тиббии деҳаи Ван-Вани ноҳияи Ванҷ, марказҳои саломатии ноҳияҳои Шуғнон ва Рушон, инчунин Маркази саломатии деҳоти Шидзи ноҳияи Рушон ва таъмири Маркази саломатии деҳоти Тавдем идома доранд.

Дар баробари ин, сохтмони бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Бидурди ноҳияи Шуғнон, Нимос ва Себзори ноҳияи Роштқалъа, Ширгини ноҳияи Ишкошим ва Маркази саломатии деҳоти Бердибоеви ноҳияи Мурғоб дар давраи ҳисоботӣ ба анҷом расида, инчунин Маркази саломатии деҳаи Мотравн, бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Лахшик ва Хичихи ноҳияи Роштқалъа ва бунгоҳи тиббии деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон пас аз таъмир мавриди истифода қарор доранд.

Дар идомаи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар давоми 9 моҳи соли 2026 шуъбаҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ ва Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоиди корӣ ва боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият дар самти назорати вазъи санитарию эпидемиологӣ дар ин давра марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ аз таъмир бароварда шуданд.

Дар маҷмӯъ, тадбирҳои амалишуда ва корҳои идомадошта дар самти сохтмон, таъмир ва таҷдиди муассисаҳои тандурустии ВМКБ ба беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ равона гардидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳифзи саломатии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, таҳти таваҷҷуҳ ва дастгириҳои​ бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ дар баробари дигар манотиқи кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ низ иқдому ташаббусҳои саривақтӣ амалӣ карда шуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译