18-уми сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба шарҳи дусолаи татбиқи Нақшаи амали солҳои 2024–2026-и Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баргузор гашт, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Раҳимҷон Асангазиев, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва шарикон оид ба рушд ба таври онлайнӣ ва ҳузурӣ ширкат варзиданд.

Зимни ҷаласа гурӯҳи таҳлилии соҳаи тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи кории байниидоравӣ шарҳи дусолаи раванди татбиқи Нақшаи амали солҳои 2024–2026-и Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро пешниҳод намуд. Тавра гуфта шуд, шарҳи мазкур давраи ҳисоботии аз январи соли 2024 то декабри соли 2025-ро фаро гирифта, дар асоси «Чаҳорчӯбаи мониторинг»-и аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда-«Абзори ҷамъоварии маълумот» ва Ҳисоботи якуми миёнамуҳлат, ки қаблан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст, таҳия гардидааст.
Нақшаи амали солҳои 2024–2026 ҳамчун воситаи асосии амалиётии татбиқи 12 самти стратегии стратегияи болозикр хизмат намуда, онҳоро ба тадбирҳои мушаххас аз рӯи чор самти афзалиятноки ба ҳам алоқаманд табдил медиҳад: беҳтар кардани дастрасӣ, сифат ва вокуниши хизматрасониҳои ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, маблағгузории устувор, системаи ҳамгирошудаи идоракунии тандурустӣ ва тандурустии рақамӣ, инчунин рушди устувори захираҳои кадрии соҳаи тандурустӣ.

Қобили зикр аст, ки Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 12 самти стратегии рушди системаи тандурустии кишварро муайян мекунад. Нақшаи амали солҳои 2024–2026 ҳуҷҷати асосии амалиётии татбиқи он мебошад, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд таҳия шудааст.


