Ҷаласаи корӣ оид ба нақшаи лоиҳаи “Стратегияи солимии аҳолии давлатҳои ИДМ барои солҳои 2026-2027” баррасӣ гардид

28-уми марти соли равон ҷаласаи гурӯҳи коршиносон дар бораи лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Стратегияи солимии аҳолии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2024-2025”, инчунин, қарори Шӯрои иқтисодии ИДМ оид ба стратегияи мазкур тариқи маҷозӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазоратҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Беларусия иштирок намуданд.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии вазорат Бандаев Илҳом ва мутахассисони соҳавӣ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласаи мазкур иштирокчиён муҳимтарин масъалаҳои лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Стратегияи солимии аҳолии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, ки аз ҷониби Ташкилоти асосии тандурустии ҷамъиятӣ ва иттилоотонии давлатҳои аъзои ИДМ ва Шабакаи байнидавлатии Институтҳои давлатҳои тандурустии ҷамъиятӣ ва тандурустии аъзои “СНИИОИЗ” таҳия шудааст ва бо мақсади иҷрои қарори Шӯрои Сарони Ҳукуматҳои ИДМ аз 7 июни соли 2016 ва банди 47-уми фасли 10 “Стратегияи солимии аҳолии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” қабул гардидааст, мавриди баррасӣ гарор гирифт.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ коршиносон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба нақшаи лоиҳаи “Стратегияи солимии аҳолии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2026-2027″, мубодилаи афкор намуда, дурнамои фаъолияти соҳаро баррасӣ ва фикру андешаҳои худро баҳри густариши ҳамкориҳо дар ин самт иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search