Имрӯз, 18-уми марти соли равон дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир гардид, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Нуриддин Муҳиддин, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, сардори Хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоӣ Шералӣ Амиршозода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Дар ҷаласа вазъи таҷҳизотҳои тиббӣ дар муассисаҳои табобатию пешгирии кишвар ва як қатор масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамин тавр, доир ба вазъи таҷҳизотҳои тиббӣ дар муассисаҳои табобатию пешгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ” Ҷураев С.К. маърӯза намуд.
Тавре гуфта шуд, давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ ба таври назаррас рушд намуда, муассисаҳо бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ таъмин мегарданд. Танҳо дар панҷ соли охир ба маблағи зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ таҷҳизот ва маводи тиббӣ харидорӣ ва ба муассисаҳо дастрас карда шудааст.
Зикр гардид, ки маркази болозикр фаъолияти худро дар самти таъмир, насб, хизматрасонӣ, воридот ва содироти таҷҳизотҳои тиббӣ, омода намудани мутахассисон ва баланд бардоштани тахассуси кормандон ба роҳ мондааст. Аз ҷумла дар соли 2025 аз ҷониби марказ бо 143 муассисаи тандурустӣ шартномаҳо ба имзо ва ба 103 муассиса хизматрасонӣ пурра анҷом дода шуд.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки тибқи фармоиши дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла марказҳои перинаталӣ ва таваллудхонаҳо 227 адад таҷҳизоти СПАП дастрас ва насб гардида, зиёда аз 300 нафар мутахассисон оид ба истифодаи дурусти онҳо омӯзонида шудаанд.
Дар идомаи ҷаласаи мазкур инчунин масъалаҳои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, истифодаи самараноки таҷҳизот, рақамикунонии соҳа ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар охир қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, кӯмаки фаврии ройгони тиббӣ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустӣ, таъмиру тармим намудани иншооти тандурустӣ, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ дар деҳот, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва фавти модару кӯдак, омода намудани мутахассисони соҳавӣ ва таъмини онҳо бо ҷойи кор, истифодаи технологияи муосир дар самти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, саривақт ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, риояи одоби муоширати табибон бо беморон, иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва дигар масъалаҳо аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода супоришҳои мушаххас гирифтанд.



