Ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026»

Имрӯз, 17-уми сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» чорабинии тантанавӣ доир гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони сохторҳои зертобеъи вазорат, шарикон оид ба рушд, ташаббускорон ва ғолибони озмун ширкат варзиданд.

Қабл аз оғози чорабинии идона роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳайати меҳмонон аз намоишгоҳи ширкатҳои фармасевтӣ ва дастовардҳои табибони мамлакат, ки дар ошёнаи якуми вазорат ташкил гардида буд, дидан намуданд.

Баъдан, чорабинии идона дар маҷлисгоҳи вазорат оғоз гашт.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни баромади хеш иброз дошт, ки маҳз самараи Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки давоми 35 сол соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистони биҳиштосоямон дар баробари дигар соҳаҳо рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои беназир ноил гашт.

Дар ин замина, гуфта шуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ пеш аз ҳама ба сатҳи касбӣ, дониш ва таҷрибаи мутахасисони соҳа вобастагии мустақим дошта,, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба масъалаҳои рушди захираҳои кадрӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандони соҳа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд.

Қайд гардид, ки дастгирӣ ва ҳамасмандгардонии кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониву баромадҳояшон бо кормандони соҳа махсус таъкид мекунанд. Зеро қадршиносии кормандон яке аз воситаҳои муҳими ҳавасмандгардонии онҳо баҳри рушди минбаъдаи касбӣ, баланд бардоштани масъулият ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба шумор меравад.

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳамзамон дарёфти мутахассисони болаёқат бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026»-ро дар кишвар аз 30 апрели соли 2026 то 31 июли соли 2026 эълон намуд.

Озмуни мазкур бори аввал дар ҷумҳурӣ баргузор гашта, ҳадафи асосии он-ин пеш аз ҳама баланд бардоштани нуфузи касбии табибон, ҳавасмандгардонии онҳо дар самти боз ҳам беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, муаррифии дастовардҳои табибони кишвар ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми тандурустӣ мебошад.

Ҳамин тавр, дар муҳлати муайянгашта дар платформаи рақамии озмун 2226 нафар табибон аз гӯшаву канори гуногуни мамлакат ба қайд гирифта шуданд. Озмун аз рӯи 35 номинатсия эълон гардида, тамоми самтҳои асосии фаъолияти тиббӣ, аз ихтисосҳои терапевтӣ ва клиникӣ то ҷарроҳӣ, ташхис, озмоишгоҳ ва дигар самтҳоро фаро гирифт.

Ҳамзамон, иштироки кормандони саҳроии ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ, ки дар самти пешгирии ВНМО ва бемории сил фаъолият менамоянд, низ дар озмуни мазкур пешбинӣ гардид.

Ҳамин тавр, Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026», ки аз рӯи 35 номинатсия эълон гардида буд, тибқи низоми муқарраргардидаи он ғолибон аз руи 31 номинатсия муайян карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки ғолибони ҳар як наминатсия аз ҷониби Комиссияи эксперти ҳайати ҳакамон, ки аз роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мутахассисону сармутахассисони соҳавӣ иборат буд, муайян карда шуданд.

Ғолибони озмун бо дарназардошти сатҳи касбият, таҷриба, хизматҳои арзанда ва натиҷаҳои фаъолияти меҳнатӣ интихоб гардида, бо диплом ва мукофотҳои пулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Тибқи хулосаи Комиссияи эксперти ҳайати ҳакамон дар номинатсияҳои “Беҳтарин табиби беҳисгардон ва эҳёгар” Хушназарова Васила Солеҳҷоновна, “Беҳтарин таҳлилгар-озмоишгар” Неъматзода Анвар Неъмат, “Беҳтарин гинеколог” Девонаева Хуршеда Муҳаммадҷоновна, “Беҳтарин табиби гинеколог” Самадова Дилрабо, “Беҳтарин табиби бемориҳои пӯст” Давлатзода Ганҷинаи Абдуқодир, “Беҳтарин мутахассиси ташхиси инструменталӣ ва ултрасадоӣ” Баротова Саодат Тоҳировна, “Беҳтарин табиби сироятшинос” Надиров Исфандиёр Бобониёзович, “Беҳтарин табиби дилшинос” Шарифзода Сафаралӣ Гург, “Беҳтарин табиби ташхиси нурӣ” Абдуллаев Бунёд Мамарофиевич, “Беҳтарин табиби асабшинос” Фирузаи Искандарӣ, “Беҳтарин табиби неонатолог” Ганҷалов Муминҷон Хурсанбоевич, “Беҳтарин табиби ҷарроҳи умумӣ, торакалӣ ва эндоҷарроҳ” Раҳмонов Шоҳинҷон Ҷалолович, “Беҳтарин табиби ҷарроҳи умумӣ, торакалӣ ва эндоҷарроҳ” Шарифзода Суннатулло Аҳмад, “Беҳтарин табиби саратоншинос” Райҳонов Файзулло Худойназарович, “Беҳтарин табиби оториноларинголог” Қосимова Дилором Ашуровна, “Беҳтарин табиби офталмолог” Муҳидинов Амирҳамза Аслудинович, “Беҳтарин табиби педиатр” Раҳимова Сайрам Аҳмадовна, “Беҳтарин табиби педиатр” Азамхонова Афзуна Валиевна, “Беҳтарин равоншинос” Маликов Наимҷон Воҳидҷонович, “Беҳтарин табиби оилавӣ” Ортиқова Мунира Мамурҷоновна, “Беҳтарин табиби ҷарроҳи дилу рагҳои хунгард ва рентгенэндов аскулярӣ” Бурҳонов Шамсиддин Шаҳобиддинович, “Беҳтарин стоматолог ва ҷарроҳи ҷоғу рӯй” Холов Сайдалӣ Абдуғафорович, “Беҳтарин табиби терапевт” Мирзовалиев Ораз Хусанбоевич, “Беҳтарин табиби ссебшинос-раддод” Мерабонов Сураҷ Ширинбекович, “Беҳтарин табиби осебшинос-раддод” Ғафуров Шоҳон Файзиддинович, “Беҳтарин табиби уролог ва андролог” Асадов Саидалӣ Қудратович, “Беҳтарин табиби силшинос” Раҷабов Аслидин Саидбурҳонович, “Беҳтарин табиби ғадудшинос” Самиева Шаҳноза Тимуровна, “Беҳтарин табиби эпидемиолог” Сатторов Сафархон Сайдамирович, “Беҳтарин корманди ташкилоти ҷамъиятӣ” Давлятова Гулнора Амоновна, “Беҳтарин фарматсевт” Султонов Юлдошдҷон Қаҳҳорович ғолиб эълон гашта, бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Маркази нави саломатиро ба истифода доданд

Иштирок ва суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар конференсияи 73-юми илмӣ-амалии Донишгоҳи тиббӣ таҳти унвони “Илм ва таҳсилот баҳри солимии миллат”

Вобаста ба гузаронидани таҳлили миёнамуҳлати амалишавии лоиҳаи Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” вохурӣ доир шуд

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо миссияи Бонки умумиҷаҳонӣ доир ба шарҳи миёнамуҳлати рафти тадбиқи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Бори нахуст дар Тоҷикистон ба бемор эмболизатсияи шараёни испурч баъд аз пайванди ҷигар гузаронида шуд

Дар доираи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии  иқтисодӣ” ба муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ таҷҳизоти компютерӣ ва техникӣ дастрас гардид

Search
爱思助手汽水音乐易歪歪HelloGPT沙盘telegram下载tg下载mumu模拟器