Ҳамкориҳои Тоҷикистону Арманистон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ густариш меёбанд

Тибқи дархости Бонки умумиҷаҳонӣ гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода аз 9 то 13 феврали соли равон барои омухтани масъалаҳои марбут ба низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус рақамикунонии соҳа, масоили кейс-менеҷмент ва ҳамгироии иқтисодӣ дар шаҳрҳои Ереван, Аргаванд, Вагаршапати Ҷумҳурии Арманистон табодули назар карданд.

Барои ҷониби Точикистон, ки дар ҷараёни амалисозии “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” қарор дорад ва он аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ ва Механизми Глобалӣ оид ба солимии занон, кудакон ва наврасон маблағгузорӣ мегардад, андухтани таҷрибаи кишвари Арманистон аз аҳамият холӣ нест.

Дар ҷараёни сафари корӣ вохурии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳамзамон Агентии ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоии Арманистон ва дигар сохторҳои марбут ба мавзуъ баргузор гардид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Диққат, эълон!

“Ҳафтаи аврупоии пешгирии саратони гарданаи бачадон”

Данғара. Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гашт

Поиск