Аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар нуҳ моҳи соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

Имрӯз, 22-юми октябри соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар 9 моҳи соли 2024 баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Абдулҳаким Холзода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 9 моҳи соли 2024 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода баромад кард.

Тавре зикр гардид, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббӣ як қатор муассисаҳои табобатию пешгирӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёду азнавсозӣ гардида, заминаи моддию техникӣ ва иқтидори кадрии онҳо мунтазам баланд бардошта мешаванд.

Беҳтар намудани самаранокӣ, сифат ва дастрасии маҷмӯи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ равандҳои афзалиятноки “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба шумор мераванд. Тибқи ҳуҷҷатҳои бунёдии мазкур, дастрасии баробар ба кумакҳои тиббию иҷтимоӣ, аз он ҷумла, рушди шабакаи муассисаҳои хизматрасониҳои тиббию санитарӣ дар тамоми қаламрави кишвар ва алалхусус, дар манотиқи дурдаст дар назар дошта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 73  адад навгониҳо дар самти ташхис ва табобат ворид карда шуд, ки аз ин шумора аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ 25 адад навгониҳо дар раванди ташхиси бемориҳо, аз он ҷумла, холангиографияи фистулавӣ ва ташхиси рентгении рудаи 12 ангушта бо сулфати барий, пайдоиши гепатити музмини иммунотолерантӣ бо аломатҳои пасти клиникӣ ва миқдори ками HBsАg, ДНК, аломатҳои аввалияи клиникию лаборатории саркопения дар беморони сиррози ҷигар, ҳосилшавии барзиёди ситокинҳои илтиҳобӣ дар ҳолати фаъолшавии сиррози ҷигар, ҳамчун сабаби асосии энсефалопатия, ташхиси антигени ядроии вируси С (соrе-антиген) барои муайян намудани таъсирнокии доруҳои зиддивирусӣ ва эҳтимолияти пайдоиши сирроз ва ғайраҳо ба шумор мераванд.

Дар баробари ин, аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ 48 адад навгониҳо дар раванди табобати беморон, аз он ҷумла, истифодаи “Пропранолол” дар кудакони гирифтори гемангиома, истифодаи “Пертузумаб” барои омосҳои саратони сина. массажи лимфодренажӣ дар беморони лимфедема дар давраи баъди ҷарроҳӣ, маҷмӯи ҷарроҳиҳои реконструктивӣ-пластикӣ бо истифодаи импланти сина, буриши дисталии ғадуди зери меъда бо усули видеоэндоҷарроҳӣ, истифодаи “Пембролизумаб”, “Ниволумаб”, “Пертузумаб” ва “Рамуцирумаб” ҳангоми саратони меъда ва ғадуди ширӣ,  ва ғайраҳо мебошанд.

Дар 9 моҳи соли 2024 дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат 10320 нафар кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи 9 моҳи соли гузашта 426 нафар зиёд мебошад. Дар ин муддат 281 нафар мутахассисон дар муассисаҳои таълимию илмии хориҷи кишвар ба такмили ихтисос ва курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба 9 моҳи соли гузашта 63 нафар зиёд мебошад. Барои ба бозомӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ фаро гирифтани мутахассисони соҳаи тиб аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» 27 нафар мутахассисон ҷиҳати гузаштани марҳилаи ординатураи клиникӣ  ва бозомӯзӣ равон карда шуданд.

Айни ҳол аз ҷониби муассисаҳои таълимию илмии вазорат 40 лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, амалӣ гашта истодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 адад зиёд мебошад.

Дар 9 моҳи соли 2024 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо таҷҳизотҳои тиббии муосир ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба як қатор муассисаҳои табобатию пешгирии ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 162 миллиону 358 ҳазору 128 сомонӣ таҷҳизот ва  асбобҳои тиббӣ (дастгоҳи рентгени рақамӣ, мебел ва молҳои тиббӣ катҳои функсионалӣ бо матрас, таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, дору, монитори назди кати бемор, таҷҳизоти ташхиси фаросавтӣ ва сайёр, мизи ҷарроҳӣ ва ғайра) дастрас карда шуд.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” аз ҷониби вазорат тибқи фармоиш аз 11 апрели соли 2024, №211 ситоди фаврии доимоамалкунанда таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 тасдиқ карда шуд.

Аз ҷониби Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба 10748 нафар эҳтиёҷмандон, аз ҷумла 1983 нафар кӯдакон хизматрасониҳои иҷтимоӣ  расонида шудааст. Дар ҳамин давраи соли 2023 бошад, дар умум ба 7449 нафар, ки аз ин 1745 нафарро кӯдакон ташкил медиҳанд, хизматрасониҳои иҷтимоӣ расонида шуда буд. Нисбат ба  давраи нимсолаи соли 2023 дар соли ҷори зиёда ба 3299 нафар бештар хизматрасониҳои иҷтимоӣ расонида шудааст, ки ин 31 фисадро ташкил медиҳад.

Дар умум аз ҷониби муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нуҳ моҳи сипаришуда  ба 31410 нафар ниёзмандон хизмат расонидаанд, ки аз ин 9676 нафарашро кӯдакони имконияташон маҳдуд ташкил медиҳанд.  Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, ки 27832 нафарро ташкил медод,  3578 нафар зиёд мебошад. Теъдоди хизматрасонӣ ба кӯдакон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (10197  нафар) 521 нафар кам шудааст. 

Дар идомаи ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат ҳамзамон сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВКМБ, вилоятҳои Суғду Хатлон низ доир ба фаъолияти хеш дар давраи ҳисоботӣ маълумот доданд.

Баъдан, як қатор масъалаву мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ,  аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, омодагӣ ба давраи зимистон, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Дар охир қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Семинари омӯзишӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо гепатити вирусӣ
Аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар нуҳ моҳи соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд
Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ
«Илм ва таҳсилоти тиббӣ - аз анъана ба инноватсияҳо»
Системаи электронии сабти таваллуд ва фавт: қадами муҳими модернизатсияи соҳаи тандурустӣ
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд
Search