Қазоқистон: Иштироки намояндагони вазорат дар вохурии минтақавии ТУТ

Рӯзҳои 10 ва 11-уми декабри соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар мавзӯи “Тақвияти нақши ҳамшираҳои тиббӣ ва момодояҳо дар Осиёи Марказӣ: натиҷаҳои вохӯрии Остона ва афзалиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки ба самтҳои стратегии таҳкими кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2025–2030 бахшида шуда буд.

Дар чорабинӣ намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, ассотсиатсияҳои касбӣ, муассисаҳои таълимӣ ва коршиносони ТУТ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва ТУТ дар Тоҷикистон муаррифӣ карданд.

Мавзӯъҳои асосии баррасишуда рушди захираҳои инсонӣ дар соҳаи тандурустӣ, истифодаи маълумот ва далелҳо (HLMA, HRHIS), таҳкими роҳбарӣ, инчунин баланд бардоштани сифати таҳсилот ва амалияи ҳамширагӣ ва момодоягиро дарбар мегирифт.

Иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вохӯрӣ ҳамчун марҳилаи муҳим барои бозбинӣ ва арзёбии воқеии вазъи кунунӣ ва самтҳои минбаъдаи рушди кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ арзёбӣ гардид. Муҳокимаҳо нишон доданд, ки дар кишварҳои минтақа ислоҳоти системавӣ аллакай оғоз ёфта, ба гузариш ба таҳсилоти ба салоҳият асосёфта, тавсеаи нақшҳои касбӣ ва иштироки фаъолтари ҳамшираҳо дар қабули қарорҳои сиёсӣ равона шудаанд.

Натиҷаҳои вохӯрии Остона зарурати таҳияи дидгоҳи нави стратегӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд, аз ҷумла гузариш аз таҳсилоти асосан назариявӣ ба моделҳои амалии клиникӣ, ки мустақиман бо амнияти беморон ва сифати хизматрасонии тиббӣ алоқаманд мебошанд.

Ҳамин тавр, бо назардошти таҷрибаи минтақавӣ ва ниёзҳои миллӣ, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин самтҳои афзалиятнок муайян гардиданд: таҳсилот-гузариш ба стандартҳои ба салоҳият асосёфта, ҷорӣ намудани OSCE/OSKE ва низоми мустақили арзёбии малакаҳои амалӣ, амалияи касбӣ-тавсеаи ваколатҳо ва истифодаи пурраи иқтидори ҳамшираҳо ва момодояҳо, махсусан дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, роҳбарӣ-омода намудани насли нави мутахассисони касбӣ ва таҳкими иштироки онҳо дар таҳияи сиёсати тандурустӣ, муҳити корӣ-беҳтар намудани шароити меҳнат, ҳавасмандгардонӣ ва нигоҳдории кадрҳо, бахусус дар минтақаҳои деҳот.

Вохӯрии Остона бори дигар таъкид намуд, ки сармоягузорӣ ба рушди кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ сармоягузорӣ ба устувории низоми тандурустӣ ва саломатии аҳолӣ мебошад. Равишҳои ҳамоҳангшудаи минтақавӣ ва истифодаи маълумот ҳамчун асоси қабули қарорҳо имконият медиҳанд, ки ислоҳот воқеӣ, пайгирона ва ченшаванда бошанд.

Намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро барои татбиқи фаъолонаи самтҳои стратегии минтақавии ТУТ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар рушди кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ таъкид намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷамолиддин Абдуллозода собиқадорони соҳаи тандурустиро хабар гирифт

Вохурии Ҳабибулло Хайруллозода бо намояндагони Маркази чинии воситаҳои технологияи ассистивӣ

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ

Муколамаи сиёсӣ оид ба таҳкими сиёсатҳо ва амалҳои бисёрсоҳавӣ барои пешбурди солимии ғизо ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон

“Шифобахш”. Табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистону Швейтсария дар самти ҷори намудани усулҳои нави ташхису табобат

Дар минтақаҳои кишвар усулҳои нави ҷарроҳӣ ворид мегарданд. Дар шаҳри Панҷакент аввалин маротиба якчанд амалҳо бо усули нав гузаронида шуданд

Search