Қазоқистон. Муаррифии таҷрибаи Тоҷикистон дар самти тандурустии рақамӣ дар сатҳи минтақавӣ

Рӯзҳои 17–18 сентябри соли 2026 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон чорабинии минтақавии CARINFONET бо иштироки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуллозода Манучеҳр иштирок намуда, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ муаррифӣ намуд.

Аз ҷумла, платформаи миллии рақамии тандурустӣ —tandurusti.tj ба намояндагони Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон муаррифӣ гардида, имкониятҳо ва таҷрибаи Тоҷикистон дар самти ташаккули низоми ягонаи иттилоотии тандурустӣ пешниҳод карда шуданд.

Ҳамин тавр, чорабинӣ ба табодули таҷриба, рушди идоракунии маълумоти тандурустӣ, таҳлили рақамӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар қабули қарорҳои идоракунӣ равона гардид.

Боиси қаноатмандист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қадам ба қадам ба тандурустии рақамии муосир гузашта истодааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Диққат, эълон!

“Ҳафтаи аврупоии пешгирии саратони гарданаи бачадон”

Данғара. Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гашт

Поиск