Дар доираи нақша-чорабинии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ имрӯз, 08-уми апрели соли равон дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” семинари омӯзишӣ доир гашт, ки дар он мудири шуъбаи ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасон, рушди малакаи волидайни Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Аминов ва мудири бахши модаршавии бехавфи раёсати мазкур Зокирҷонзода Дилрабо Зокирҷон, ҳамзамон, роҳбарият ва кормандони пажӯҳишгоҳ ва дигар муассисаҳои алоқаманди соҳа ширкат варзиданд.

Директори Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон Гулҷаҳон Давлатзода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳадаф ва мақсади баргузории семинари омӯзишӣ ба ҳозирин маълумот дод.
Баъдан, мудири шуъбаи ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасон, рушди малакаи волидайни Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Аминов доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ба солимии занону кӯдакон алоқаманд баромад намуд.
Дар ин замина, номбурда иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи саломатии модарону кӯдакон таҳти таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумати кишвар қарор гирифта, баҳри марҳила ба марҳила боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба онҳо тадбирҳои муҳим ва муассир амалӣ гашта истодаанд.
Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ ҳамзамон докторони илмҳои тиб Камилова М.Ё. ва Қурбонова М.Ҳ. низ доир ба масъалаҳои муҳими соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ баромадҳои пурмуҳтаво манзури ҳозирин намуданд.

Ҳамзамон, дар пажӯҳишгоҳ бо эълон гаштани Рӯзи дарҳои кушод ба занони муроҷиаткунанда машварат, ташхиси ултрасадо, ташхиси колпоскопӣ ва дигар хизматрасониҳо ба таври ройгон гузаронида шуданд.
Дар чорабинии Рӯзи дарҳои кушод роҳбарият ва мутахассисони Маркази миллии солимии репродуктивӣ ва Маркази ҷумҳуриявии генетикӣ низ ширкат варзида, ба муроҷиаткунандагон баҳри боз ҳам беҳтар кардани вазъи саломатиашон дастуру тавсияҳои муфид пешниҳод карданд.


