Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз роҳҳои расидан ба ҷомеаи шаҳрвандист

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ва меҳварӣ дар назди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.  Аз ин ҷост, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон ва мубориза бо падидаву зуҳуротҳои номатлуб Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми  навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023  соли 2024-ро дар мамлакат ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд, ки он ба 30-юмин солгарди қабули Кониститутсияи даврони соҳибистиқлоли кишвар рост меояд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ба ин самт, яъне баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа  таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, чандин қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намудааст, ки маҳз барои баланд бардоштани ҷаҳонбинии ҳуқуқии аҳолӣ нигаронида шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки қабул ва амалисозии  санадҳои олии ҳуқуқӣ яке аз қадамҳои муҳиму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дигар, бо ин васила масъулиятшиносии шаҳрвандони кишвар боло гардида, онҳо бо таҳаммулпазирӣ ва сатҳи баланди маърифатнокии худ дар рушду пешрафти кишвар ва тарбияи ҷавонони даврони истиқлол саҳм мегиранд.

Аз ҷониби дигар, аз назари олимону ҳуқуқшиносон  бе иштироки шаҳрвандони фаъол, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабаранд, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад, ба асли риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф ва муқаррар намудааст. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, метавонад ҳамчун шахси соҳибмаърифат дар рушд ва пешрафти рузгори худу хонаводаи худ ва ҳатто ҷомеа таҳввулотҳои созандаро ба вуҷуд орад.

Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ барои тарбияи ҳуқуқии  аҳолӣ тадбирандешӣ намуда, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандонро дар сатҳи сиёсати давлатӣ қарор додааст. Бинобар ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро арзиши олӣ эътироф намуда,  тамоми  ниҳоду сохторҳои давлатӣ вазифадоранд, ки ҳомию муҳофизи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон фаъолияташонро пеш бурда, дар баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа саҳми назарраси худро гузоранд.

Бояд такид намуд, ки бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳони муосир ҷиҳати пешрафти давлатдории миллӣ моро лозим аст, ки фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва барномаҳои махсуси давлатии дар соҳаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ таҳия ва қабул гардидаро иҷро ва амалӣ намоём.

Таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар кишвар маҳз ба ҳамин мақсад равона гардида, аз ҷониби мардум бо самимият истиқбол шуд.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор доштанд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад ва воқеан, ҷомеае, ки ба инсонҳои бомаърифат ва тарбиятдида такя мекунад, аз шикасти ирода ва нестшавӣ эмин буда, ба рушду пешрафти сартосарӣ ноил мегардад. Зеро шуурнокии ҳуқуқии миллат аз бисёр ҷиҳат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари эътибор ва нуфузи он дар миқёси ҷаҳони муосир маҳсуб дониста мешавад”.

Бойназарова Малоҳат,

директори Муассисаи давлатии «Маркази

ҷумҳуриявии таълимию

клиникии кори ҳамширагӣ» 

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Эрон. Иштироки табибони тоҷик дар даври омӯзишӣ

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Маркази ташхисию табобатии Саномед

Семинар-машварати омӯзишӣ оид ба бемориҳои сироятӣ

Search