Баррасии масъалаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вохурии роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ташаббуси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 29 июли соли 2025 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон директори Агентии мазкур Сафарзода Абдулло Мумин бо раиси ноҳияи болозикр Амирзода Маҳмуд Ҳомид вобаста ба таъмини саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №488 «Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохурии корӣ доир гашт.

Дар вохўрии мазкур марҳилаҳои амалишавии механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар баробари он фаъолияти “Комиссияи маҳаллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат”, фаъолияти бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нозир коргузорони дар назди бахш ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дида баромада шуд.

Дар қисмати дуюми вохўрӣ бо Комиссияи маҳаллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва нозир коргузорон машварати корӣ анҷом дода шуда, дар бораи таъмини иҷрои нақшаи фарогирии оилаҳои камбизоат барои таъини кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, инчунин ҷиҳати тақвият бахшидани кори Комиссия дар гузаронидани эътимоднокӣ (таҳлили вазъи воқеии хонавода) тавсияҳо ва кумаки методӣ расонида шуд.

Дар баробари ин, нусхаи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 22 июли соли 2025, №460 “Оид ба дастурамал дар бораи ба кор таъин ва аз кор озод намудани нозир-коргузорони назди мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” дастраси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гардонида шуда, аз ҷониби Раиси ноҳия Амирзода Маҳмуд Ҳомид ва директори агентӣ Сафарзода Абдулло ҷиҳати минбаъд такрор нашудани камбудиҳо ва норасогиҳое, ки дар раванди муроҷиат ва бақайдгирӣ дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вуҷуд доштанд, дар бораи ҷоннок намудани кори Комиссяи ноҳиявӣ ва мунтазам гузаронидани мониторинг ва таҳлили раванди иҷрои нақшаи пешбинишуда дастуру супоришҳо дода шуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Боздиди масъули вазорат аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Search