Соҳаи тандурустӣ таи солҳои Истиқлоли миллӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи афзалиятнок эътироф шуда, дар доираи татбиқ ва роҳандозии барномаҳои гуногуни давлатӣ дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расидаанд. Ҳамин аст, ки дар давоми се даҳсолаи охир соҳаи тандурустӣ дар мамлакат бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Бунёду азнавсозии садҳо муассисаҳои соҳавӣ, ба истифода додани озмоишгоҳҳои тиббӣ, сохтани иншооти таълимии соҳавӣ, муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои соҳаи тибби кишвар бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти тиббӣ ҳосили таваҷҷуҳ ба соҳа маънидод мегардад. Маврид ба тазаккур аст, ки рушди соҳаи тиб ба тариқи якзайл дар саросари кишвар роҳандозӣ гардида, имрӯз вазъи хизматрасонии тиббӣ дар тамоми гушаву канори мамлакат хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар қатори бунёду азнавсозии муассисаҳои тиббӣ дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат, таҳти сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инфрасохтори Беморхонаи марказии шаҳри Норак низ ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонидани шудааст. Имрӯз шароити корӣ ва табобатӣ дар Беморхонаи марказии шаҳр муҳаё буда, хизматрасонии босифати тиббӣ ҷараён дорад.
Бояд гуфт, ки бо мақсади пайгирии сиёсати ободкорона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони ватанӣ низ камари ҳиммат бастаанд. Ҳамин аст, ки дар рушду нумӯ ва боло рафтани шароити хизматрасонии тиббӣ дар шаҳри Норак низ соҳибкорони ватаниву маҳаллӣ саҳми арзанда гузоштаанд, ки яке аз чунин нафарони хештаншинос соҳибкори маҳаллӣ Хуҷамурод Азимов мебошад.
Номбурда бо пайравӣ ба сиёсати Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойи корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, ҳамзамон дар таъмини шароити кориву табобатии Беморхонаи марказии шаҳр пайваста саҳмгузорӣ менамояд. Агарчӣ дар соли 2021 номбурда ба шӯъбаи ёрии таъҷилии беморхона нақлиёти ёрии тиббӣ тақдим намуд, инчунин чанде қабл ҷиҳати таъмини шароити хуби хизматрасонӣ муассиса ва ҳуҷраҳои табобатии онро бо хати оксигени тиббӣ таъмин намуд. Дар доираи ин иқдом, ҳамзамон 52 адад кати бистарии функсионалӣ барои калонсолон, 37 адад тумбаи назди кати бемор, 35 адад кати бистарӣ барои навзодон, 30 адад мизҳои нишаст тақдим гардид. Беморхонаи марказии шаҳри Норак оксигени тиббиро аз корхонаи ҶСП “Заводи таҷрибавии механикӣ” ЭМЗ тариқи ройгон дастрас менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади иҷрои дастур ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасnгирии оилаҳои ниёзманд аз ҷониби соҳибкор Хуҷамурод Азимов дар арафаи иду ҷашнҳо ба доираи васеи кормандони муассисаҳои тиббии шаҳр ва аҳолии ниёзманд маводҳои озуқаворӣ тақдим карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки ки Беморхонаи марказии шаҳри Норак дорои 221 кати бистрӣ буда, аз 13 шӯъбаҳои табобатӣ, аз ҷумла; шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои даруна, бемориҳои кўдакона, бемориҳои дил, қабулгоҳ, наҷот ва беҳискунӣ, бемориҳои занона, таваллудхона, бемориҳои сироятии калонсолон, бемориҳои сироятии кўдакона, бемориҳои равонӣ, стомотология ва физиотерапевтӣ иборат буда, ҳамзамон беморхона 6 шӯъбаю ҳуҷраҳои ёрирасон; озмоишгоҳ, омори тиббӣ, ҳуҷраи ултрасадо, ҳуҷраи сабти барқии дил, ҳуҷраи рентгенӣ ва ҳуҷраи гастроскопиро доро мебошад.
Айни ҳол аз ҷониби 41 табиби илми олидор, ки 10 нафарашон дараҷаи олӣ, 11 нафар дараҷаи якум ва 12 нафар дараҷаи дуюм ва аз 180 нафар ҳамшираҳои тиб, ки 55 нафарашон дараҷаи олӣ, 27 нафар дараҷаи якум ва 38 нафар дараҷаи дуюм доранд ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида мешавад. Сафи дар умум кормандони Беморхонаи марказӣ ба 380 нафар баробар буда, мунтазам хизматрасонии хуби тиббӣ ба аҳолӣ расонида мешавад. Дар Беморхонаи марказӣ мунтазам шанбегиҳо гузаронида шуда, заминҳои гирду атроф ва боғи беморхона нарм карда шуда, дар атрофи он гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.
Дар заминаи гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос, баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаи корӣ миёни кормандони муассиса иқдомоти амалӣ роҳандозӣ гардида, дар ин масир аз рӯи нақша мутахассисон аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронида мешавад.
Дар 3 моҳи соли 2025 дар Беморхонаи марказии шаҳри Норак ба 1421 нафар хизматрасонии амбулаторӣ расонида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки вазъи хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ дар заминаи дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат хуб бароҳ монда шуда, муассисаҳои соҳавӣ бо дастгоҳи замонавии тиббӣ ва шароити хуби корӣ таъмин мебошад.
Дар соли 2024 бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд бинои асосии Беморхонаи марказии шаҳр пас аз таҷдиду навсозӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд, ки айни замон ҳамаи шӯъбаҳо дар бинои асосӣ фаъолият намуда истодаанд.
Аз ҳисоби лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кудак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маблағгузории “Бонки Исломии Рушд” ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхона марказӣ таҷҳизоти тиббии рентгени рақамӣ, дастгоҳи сабти барқии дил, дастгоҳи ултрасадо, дастгоҳи колпоскоп, вакум экстрактор, маҷмуи воситаҳои гинекологӣ, таҷҳизоту воситаҳои ҷарроҳӣ ва урологӣ, мизи ҷарроҳӣ, автоклав, воситаҳои ошхонагӣ, яхдонҳо, мизу курсӣ, компютер ва як қатор таҷҳизоти маишӣ дастрас гардид.

Маврид ба тазаккур аст, ки дастовардҳои илмии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назарявиву амалии бахши тандурустии ҷаҳонӣ робитаи ногусастанӣ дошта, бо туфайли он дар қатори дигар кишварҳо бахши тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рушду нумӯ пайдо намудааст. Аммо дар ин росто талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини сиҳатии мардум дар заминаи рушди соҳаи тиб ва ҳарчӣ бештар беҳбуд бахшидан ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ заминаи аслии ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ гаштани хизматрасонии тиббӣ дар кишвар гаштааст.
Сайвалӣ Файзализода,
сартабиби Беморхонаи
марказии шаҳри Норак