Боздид аз муассисаҳои тандурустии шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ бо фаъолияти як қатор беморхонаҳо ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ шинос шуда, ҳамзамон аз рафти корҳои сохтмонии Беморхонаи минтақавӣ дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент дидан ба амал овард.

Аснои боздид аз муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва як қатор беморхонаҳои шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ номбурда бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вазъи таҷҳизоту лавозимотҳо, ҳолати шӯъбаҳо ва вазъи санитарию эпидемиологии онҳо дидан кард.

Дар идомаи сафари корӣ Ғафур Муҳсинзода инчунин дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бо рафти корҳои сохтмонии беморхонаи ҷамоати мазкур шинос гашта, баҳри вусъати корҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Дар ин замина, ҷиҳати таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо доираи васеи роҳбарон ва кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳр ва ноҳияи мазкур вохӯрӣ намуд.

Дар доираи вохуриҳо аз ҷумла масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам, сил, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуданд.

Ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва бо ин роҳ боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ба масъулини соҳаи тандурустии шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search