Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Имрӯз, 2-юми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муаррифии маҳсулоти инноватсионии рақамӣ барои пайгирии ҳолатҳои нави бемории сил (БС), сирояти сили ниҳонӣ (ССН), табобати пешгирикунанда, риояи протоколҳои ташхису табобат ва васеъ намудани фарогирии аҳолӣ тавассути санҷиши шахсии бемории сил брифинг баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID)  дар Тоҷикистон Ҷон Риордан, шарикон оид ба рушд, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ ва мутахассисон иштирок намуданд.

Ҷаласаро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ифтитоҳ намуда, оид ба муҳимияти ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ барои мубориза бо бемории сил таъкид кард. Аз ҷумла номбурда иброз дошт, ки  рақамисозӣ имкон медиҳад, то идораи бемории мазкур самараноктар сурат гирифта, ҳолатҳои нав пайгирӣ шаванд ва тадбирҳои саривақтӣ барои ташхису табобати бемории сил ва тарҳрезӣ гарданд.

Тавре номбурда иброз дошт, бо пайравӣ ба стратегияи рақамисозии соҳаи тандурустӣ, истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар низоми ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил имкон медиҳад, ки назорат аз болои бемории сил пурзӯр гардида, кӯмаки саривақтӣ ба ҳамаи ниёзмандон расонида шавад.

Директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID)  дар Тоҷикистон Ҷон Риордан зимни суханронии ифтитоҳии хеш қайд кард, ки ҳамкории бисёрсоҳавӣ тавассути сармоягузориҳои USAID дар соҳаи рақамисозии низоми ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Тоҷикистон ба таҳкими низоми тандурустӣ саҳми назаррас гузошта,  ба устувории мутобиқшавии муассисаҳои тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва банақшагирии фаврии чораҳо низ заминаи мусоид мегузорад.

Дар идомаи ҷаласа иштирокчиён оид паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкур мубодилаи афкор намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Иштироки намояндагони вазорат дар ҷаласаи 78-уми Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ

Данғара. Шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва таҳлилу баррасии як қатор масъалаҳои муҳими соҳа

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар шашмоҳаи аввали соли 2025

Ҷамолиддин Абдуллозода бо медали 30 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд

Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ оғоз гашт

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译