Иштироки намояндагони вазорат дар ҷаласаи 78-уми Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ

19-уми майи соли равон дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷаласаи 78-уми Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар мавзуи институтсионилизатсияи таҳлили сиёсат дар асоси маълумот баҳри таҳияи сиёсати тандурустӣ оғоз гардид, ки дар он ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода ва сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми вазорат Саломудин Юсуфӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаи мазкур то 27-уми майи соли равон идома ёфта, дар он намояндагони зиёда аз 200 кишвари олам иштирок доранд. Дар қисмати пленарии ин ҷаласаи сатҳи баланд муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Зулфия Абдусаматзода оид ба рушди соҳаи тандурустӣ, дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳа ва ҳамкориҳои муфид бо шарикон оид ба рушд суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ иброз гардид, ки дастгирӣ ва кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод то дар кишвар давомнокии умри шаҳрвандон зиёд ва фавти модарону кӯдакон коҳиш дода шавад. Инчунин, ӯ қайд намуд, ки маблағгузории соҳа дар 5 соли охир 2,5 маротиба зиёд гардида, корҳо дар самти мубориза ба бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд.

Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломудин Юсуфӣ дар мавзeи “Қабули қарорҳо дар асоси маълумоти далелнок” маърӯза намуда, иброз дошт, ки дар соли 2024 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ва Маркази EPPI Донишгоҳи Коллеҷи Лондон (UCL) арзёбии васеъмиқёси экосистемаи сиёсати далелнокро оғоз намуд.

Тадқиқот тавассути мусоҳибаҳо бо ҷонибҳои манфиатдор, гурӯҳҳои фокусӣ ва таҳлили зиёда аз 65 санади сиёсати тандурустӣ анҷом дода шуд. Қайд гардид, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва ТУТ Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай таҳлили низомӣ анҷом дода, лоиҳаи Нақшаи амал барои институтсионализатсияи EIDM-ро таҳия намудааст. Нашри тавсияҳои ниҳоӣ ва мақолаи илмӣ то нимаи дуюми соли 2025 дар назар дошта шуда, интизор меравад, ки ин марҳалаи муҳими гузариш ба идоракунии тандурустии бар пояи далелҳо хоҳад буд.

Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дуюм дар қатори 17 кишварҳои дигар аъзои Кумитаи генералии Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ интихоб гардид ва ҶумФурии Тоҷикистонро дар ин кумита сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломудин Юсуфӣ муаррифӣ менамояд.

Дар доираи иштирок дар ҷаласаи мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори минтақавии Дафтари ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо Ҳанс Клюге, роҳбари Ташкилоти шарикии Глобалӣ оид ба беҳтар намудани дастрасӣ бо воситаҳои ёрирасон Сатиш Мишра ва муовини вазири тандурустии Федератсияи Россия вохӯрӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани ҳамкориҳо дар самти хизматрасонии тиббӣ, рушди КАТС, беҳтар намудани дастрасӣ ба ваксина ва ислоҳоти низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва дигар масъалаҳои соҳа мубодилаи афкор намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик оид ба дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл табодули таҷриба намуданд

Вохурӣ бо шарикони рушд

Франсия: Иштироки Ғафур Муҳсинзода дар вохурии сатҳи баланд оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Search
爱思助手汽水音乐易歪歪HelloGPT沙盘telegram下载tg下载mumu模拟器