Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Имрӯз, 23-юми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии идона доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода ва доираи васеи кормандони ҷавони дастгоҳи марказӣ ва дигар сохторҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, сипас муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода бо сухани табрикотӣ баромад кард.

Зимни баромади хеш номбурда ҳозирин ва дар симои онҳо  кулли ҷавонони мамлакатро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, ба онҳо дар зиндагӣ ва кору фаъолияти минбаъдаашон саломативу сарбаландӣ ва муваффақияту бурдборӣ таманно намуд.

Тавре гуфта шуд, дар ҳақиқат, ҷавонон неруи бузурги ҷисмонӣ ва сипари боэътимоди давлат мебошанд. Ҷавонон дорои имконияти бузурги зеҳниву ҷисмонӣ буда, соҳиби неруи созандагиву бунёдкорӣ, илму дониш, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияи замонавӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат, олимони ҷавон ва ватандӯсту хештаншинос дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз тамоми имконият истифода намуда истодааст.

Тавре Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ-ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад”.

Дар ин росто, қайд кардан ба маврид аст, ки шурӯъ аз соли 1997 ҳамасола дар Тоҷикистон 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Ҳанӯз 23 майи  соли  1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, Фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд ва маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки  23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.

Шароити фароҳамоварда баҳри рушду инкишофи имконоти зеҳнӣ ва ҳамчун шахси комил бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардидани насли наврасу ҷавони кишвар мусоидат намуд, ки ин дар навбати худ дар замири онҳо қобилияти нави инсониро кашф ва боварию эътимодашонро ҷиҳати анҷоми корҳои созандагӣ бамаротиб боло бурд.

Таҷрибаи корҳои созандагиву бунёдкории ҷавонон дар давраи соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки ин неруи созанда дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона дошта, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамеша ҷонибдорӣ  менамоянд ва дар раванди он худ бевосита ширкат  меварзанд.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат, олимони ҷавон ва ватандӯсту хештаншинос дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз тамоми имконият истифода намуда истодааст.

Дар идомаи баромади хеш Абдухолиқ Амирзода аз фаъолияти пурсамари ҷавонон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ ёдовар шуда, қайд кард, саҳми ин қишри умедбахши ҷомеа дар ин соҳаҳои ҳаётан муҳим  назаррас аст.

Дар анҷоми чорабинии идона як қатор ҷавонони фаъоли соҳа бо Сипосномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қардонӣ шуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 6300 адад дарахти арча шинонида шуд

Ш.Шоҳин. Ба роҳ мондани усулҳои нави ҷарроҳӣ бо иштироки мутахассисони вазорат

Search