Чорабинии расмӣ бахшида ба оғози татбиқи “Барномаи ҷарроҳии дил ва катетеризатсия барои калонсолон”

28-уми апрели соли равон дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бахшида ба оғози фаъолияти гурӯҳи тиббии Арабистони Саудӣ ҷиҳати татбиқи “Барномаи ҷарроҳии дил ва катетеризатсия барои калонсолон”, ки аз ҷониби Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон дар ҳамкорӣ бо шарики иҷрокунандаи “Робитаи олами исломӣ” ва дар чорчӯби иқдомҳои башардӯстона ва беҳдоштии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар саросари олам амалӣ мегардад, чорабинии расмӣ оғоз гардид.

Дар ин чорабинӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Рушайдон ва мутахассисони соҳаи ду кишвар иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ғафур Муҳсинзода зимни суханронии хеш иброз дошт, ки солҳои охир ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст, ки ин аз кӯшишу талош ва заҳмати шабонарӯзии роҳбарони сатҳи олии ҳар ду кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи барномаи мазкур дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи тиббии Арабистони Саудӣ тақрибан 65 амалиёти махсуси ҷарроҳӣ, аз ҷумла ҷарроҳии кушодаи дил ва катетеризатсия барои беморони дил дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон гузаронида мешавад.

Дар баробари ин, ҳамзамон табибони ду кишвар дар самти ташхису табобат ва ҷарроҳии бемориҳои дил мубодилаи таҷриба намуда, ҷиҳати омӯхтани муваффақият ва дастовардҳои навтарини соҳа, ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат дар ин бахши муҳими соҳаи тандурустӣ низ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Баъдан, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Рушайдон дар муассисаи номбурда аз ҳолати як қатор беморон пас аз амалиёти ҷарроҳӣ низ шинос гашта, ба онҳо сиҳатмандии комил таманно намуданд.

Қобили зикр аст, ки ба роҳ мондани чунин ҳамкориҳои судманд бо табибони кишварҳои гуногун дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, махсусан дар бахши ҷарроҳӣ ба рушди соҳаи тандурустии мамлакат заминаи мусоид гузошта, имкон фароҳам меорад, ки табибони кишвар бо дастовард ва муваффақиятҳои навтарини тибби олам шинос шуда, онҳоро дар соҳаи тандурустии Ватани хеш амалӣ намоянд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон  дар соҳаи тандурустӣ

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram